НУҚТАҲОИ ПАЁМ

DSC03672.JPG

Санаи 17 январи соли 2019 дар толори шубаи маориф ноҳияи Фархор вохурии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор  оиди шарҳу эзоҳи мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳолии ҷамоати шаҳрак, хусусан бо кормандони соҳаи тандурустӣ доир гардид.

DSC03679.JPG

 

Дар ҷаласаи мазкур намояндагон: Раҷабов Исо – муовини ректори ДТМИ дар ш.Кӯлоб, Раҷабзода М.М – сардори Раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб ва дигар роҳбарони соҳаи тандурустии ноҳия низ иштирок карданд. Намояндагон дар вохурӣ оиди нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, якчанд масъалаҳои дар соҳа мавҷудбударо шарҳ доданд. Инчунин мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – Талбова Д. баромад карда, оиди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастгирӣ намудани мавқеи онҳо дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлатӣ маъруза намуд. Дар ҷамомади мазкур дар мавзӯи муҳоҷирон, дар бораи мушкилиҳои соҳаи тандурустию иҷтимоӣ ва мавзӯъҳои дигари рузмарра, ки дар муҳтавои Паём омадааст, шарҳу эзоҳ дода шуд.

DSC03667.JPG
Ҳеҷ овозе нест