ҲНИ ДИНИ ИСЛОМРО БАДНОМ СОХТААСТ

Имрӯз Тоҷикистон бо сарварӣ ва сиёсати созандаву ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири дубора ноором нагардидани авзои сиёсии кишвар дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад. Ҳамин аст,, ки дар байни сарони кишварҳои узви СММ ҷиҳати муборизаи беамонг бо ин вобои аср Пешвои миллати мо яке аз авалинҳо шуда садо баланд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб фаъолу муттаҳид бошанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаан: «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин зуҳуроти фалокатбор умумияте ба дин, аз ҷӯмла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу нопоки сиёсӣ содир карда мешавад. Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ аз ҷӯмла аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид борҳо иброз дошта будан ва имрӯз бори дигар иброз менамоям, ки номи неки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. Тамоюли торафт қувват гирифтаистодадаи сиёсӣ намудани ислом фақат ба зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои неки аҳли онро манфур нишон медиҳад. Имрӯз мо ниёз ба тақвияти ҳарчи бештари асли таҳаммулгароӣ дорем, ки мардуми мусулмонро чун мардуми мутамаддин ва бофарҳангу илмпарвар таҷассум намоед».

    Қобили зикр аст, ки бо вуҷуди нияти неки роҳбарияти давлату ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои таъмини сулҳу ҳамзистии осоишта ба хотири ояндаи неки миллату меҳан, аъзои ТТЭ ҲНИ аз аввал ба ташкил ва иштирок дар иттиҳодиятҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағир додани низоми қонуни Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ даст ба кор шуданд. Таърих нишон дод, ки ҲНИ ҳизби хурофотпарасту тундгаро буда, бо нақша ва ҳадафҳои нопоки худ барои амали намудан чандин ҷинояти махсусан вазнин, вайрон кардани сохти конститутсионӣ, барҳам додани ҳокимияти давлат ва сарнагун намудани ҳукумати қонунӣ бо пуштибонӣ ва сарпарастии ҳоҷаҳои хориҷиаш мехост сохти конститутсионии давлати моро тағйир дода ҳокимиятро ба дасти худ гирад.  Танҳо дар солҳои 2010 – 2015 45 нафар аъзои ин ҳизб ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир  намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардиданд. 23 нафар аъзои Ҳизби наҳзати ислом, аз ҷумла аъзои Раёсати Олии он бинобар даст доштан дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

 Бо содир намудани ин амалҳои нангин Ҳизби наҳзати ислом на танҳо ҳуқуқи мавҷудияти худро аз даст дод, балки бо фаъолияти террористӣ – экстремистии худ барои мардум ва ҷомеа сарчашмаи хата рва ихтилоф гардид. Сабаби ҳамаи бесарусомониҳои солҳои 90 – уми Тоҷикистон ва қурбон шудани 150 ҳазор аҳолии кишвар ҳамин ҳизби хуношоми ҲНИ буд.

 Бо дарназардошти ин ҳама тибқи ҳалномаи Суди Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми сентябри соли 2015, аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, Ҳизби наҳзати ислом ташкилоти террористӣ – эксремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуда, он ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода шуд. Бо вуҷуди ин ҳам аъзо ва пайравони ин ташкиолоти террористию экстремистӣ аз хориҷи кишвар истода, фаъолияти ифротию таҳрибкориашонро алайҳи Тоҷикистон идома дода истодаанд.

 Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти сратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мақолаи хеш «Ватандорӣ ҳамчун омили ҷилавгарӣ аз терроризм» иброз кардааст: … терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли ногувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

 Сабаби асосии тундгароии динӣ нобиноии ақлонӣ ва ҷоҳилӣ мебошад. Бинобар ин, алайҳи терроризм ва экстремизм пеш аз ҳама дар сатҳи зеҳнӣ муқовимат бояд кард. Ақидаҳои таасуб бояд дар сатҳи академӣ, бо ҷидду ҷаҳди тамоми олимони соҳаи илми гуманитарию динӣ ба бадномӣ кашида шаванд. Тафаккури рӯякӣ ва набудани идроки динӣ, ки хориқаи (феномени) терроризми диниро ташкил медиҳад, назари худро дар бобати ислом пешниҳлд мекунанд.

 Махфират Хидирова, доктори илмҳои фалсафа, дар мақолааш «Роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат ба равияи ифротӣ» чунин иброз доштааст: «Хата рва даҳшатафкании ин равия ва ҳаракатҳо да он ас тки онҳо натанҳо пояҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар ва низомҳои сиёсии побарҷоро аз байн мебаранд, балки тухми кинаю адоватро дар вуҷуди инсоният кошта, хотираи таърихии миллатҳоро тираю тор ва пур аз нафрату кина нисбати якдигар мекунанд. Ин аст, ки даҳшатафкании ин равияҳо агар дар давраҳои пешин ба муқобили  шахсиятҳои алоҳида нигаронида шуда бошад, пас айни ҳол ин раванд таҳдид ба ҳастии инсоният ва сулҳу суботи кишварро дорад».

  Ҷавонони тоҷик ҳамчун зодаи даврони истиқлолият бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба гурӯҳҳои мамнӯи экстремистиву террористӣ, ки онҳо аз номи ислом истифода намуда, барои амалисозии ҳадафҳои нопоки хеш ҷавононро бо ҳар роҳ ба сӯйи худ ҷалю мекунанд, мубориза баранд.

 Имрӯз бояд ҷавонон бо дарки масъулияти баланд дар муқобили амали онҳо дониш ва маърифати баланди дошта бошанд.

 Мусаллам аст, ки ахдофи ҳар гуна гурӯҳ ё ташкилоти ифротгаро ба роҳи зӯриву истибдод ва ғайриқонунӣ бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад. Заминаҳои зуҳури таасубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар ҷаҳодату авомфиребӣ, баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузориҳои  ғайриқонунии манфиатҷӯёни хориҷӣ асос меёбад.

  Таърих исбот сохтааст, ки тоҷикон чун милшлати сулҳовару суботпарвар дар ҳама давру замон дар осоишу оромиш ва бо ҳамсояҳо дар ҳусни тафоҳуми неку мусолиҳатомез зиндагӣ карда, ин амал яке аз маромномаҳои асосии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Аз ин ҷост, ки дар кишвари мо кабӯтари сулҳ дар  парвоз буда, нурҳои хуршеди ваҳдат аз пушти абрҳои сафеду беғубор нарафшонӣ мекунад.

 

     Баҳром Миров-Коршинос

Ҳеҷ овозе нест