Тантанаи гусели наваскарон

     Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.03.2018, №1036 дар бораи бо эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991 – 2000 ба хизмати ҳарбӣ рӯзи 02.04.2018 дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки  раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, шаст нафар даъватшавандагон, волидон ва хешону дӯстони онҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.      

   Чорабиниро раиси ноҳия муҳтарам Вализода Сулаймон ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд намуданд, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонони ватанпарвар шарафи бузургу гузаштан аз мактаби ҷасорату мардонагӣ аст. Танҳо ҷавонони худшиносу худогоҳ ва ватандӯст метавонанд ба ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизамон камари ҳиммат бубанданд ва шумо ихтиёриён, ки  имрӯз дар ин ҷо саф кашидаву ба хизмати ҳарбӣ омодаед аз зумраи ҳамон ҷавонони боору номус ҳастед. Ба шумо роҳи сафед хонда орзумандам, ки сарбози шуҷоъу далери ватан бошед.

    Сипас, модари даъватшаванда Давлатова Хайриннисо ба сухан баромада, бо ифтихор иброз доштанд, ки соҳиби 8 фарзанд ҳастам ва имрӯз омадам, ки писари хурдиамро ба хизмати Ватан гусел кунам. Фахр мекунам дигар писаронам бо сарбаландӣ адои хизмати ҳарбӣ намудаанд, ки аз ин амали онҳо сарам ба осмон мерасад. Дуову фотеҳаи неки мо модарон ҳамеша бо шумост писарони азизам, гуфта даст ба дуо бардоштанд.

     Баъдан эмомхатиби масҷиди ҷомеъи марказии ноҳия Амонхӯча Обидов суханронӣ намуда, аз фарзияти ҳимояи Ватан дар китобҳои осмонӣ масалҳо оварданду ба наваскарон дуои нек доданд.

   Даъватшаванда Бобоев Ҳусейнҷон зимни суханронии худ хизмати Ватанро шарафу номуси ҷавонмардӣ дониста, дигар ҷавонмардони фархориро ба хизмат даъват намуд.

 Чун урфу одат маросими нонгазон лаҳзаи аз ҳама эҳсосии чорабинӣ буд.

 Ҷавонписарон аз дастони модари худ аз кулча як луқма нон мегазанд ва модар бо умеди дидори саломати фарзанд он кулчаро то аз хизмати аскарӣ баргаштан дар хона нигоҳ медорад.

 20180402_101307.jpgҚисмати фарҳангии чорабинӣ бо шеърхонии кӯдакони кӯдакистони №1 оғоз ёфт. Намоиши қадамзании ҳарбии хамткунандагони муассисаҳои таълимӣ ва шеърхонии онҳо дар васфи Ватан басо диққатҷалбкунанда буд.

 Дар охир ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишини худ хотири ҳозиринро шод намуданд.

 Чорабинӣ басо хотирмон гузашт.

Ҳеҷ овозе нест