ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ»

IMG_20190124_145821.jpg

Санаи 24 январи соли 2019 дар МТМУ №15 дар ҶД Фархор Фестивал-озмӯни «Чакомаи гесӯ» дар сатҳи ноҳиявӣ баргузор гардид. Дар Фестивали мазкур раиси Кумитаи занон ва оилаи вилояти Хатлон Раҳимзода Раъно иштирок дошт.

Фестивали «Чакомаи гесӯ» ҷиҳати иҷрои Ҷадвали баргузории фестивал, намоиши ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП -1140 тасдиқ шудааст, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

IMG_20190124_143910.jpg

 

Мақсади асосии баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» намоиш,ороишу парвариши муй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршуёну муйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, эҳёи анъанаҳову маросимҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сокинони шаҳру навоҳии кишвар ба чорабинӣ мебошад.

Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини Фестивал баланд бардоштани мақому манзалати сарулибоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, чакану алоча, гулбасту чит, тоқӣ ва ғайра мебошад.

Мақсад аз баргузории Фестивали мазкур инчунин тарғибу ташвиқи ашъори баландпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ, бахшида ба ҳусну тароват, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табии ватанӣ дар парваришу нигоҳубини мӯй мебошад.

IMG_20190124_162519.jpg
Ҳеҷ овозе нест