МАКОНИ ҲУНАРОМӮЗИЮ ҲУНАРМАНДӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,

Дар дидаи мардумон азиз аст.

 

         Муаллима Қамбарова Арабгулро аз даврони мактаби миёна хонданаш мешиносам. Ногуфта намонад, ки ба ин касс ҳаққи узтозӣ ҳам дорам. Дар арафаи ҷашни Парчами давлатӣ бо ӯ дар назди бинои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия вохӯрдам. Муаллима гуфтанд, ки бо дастгирию маслиҳати раиси ноҳия ва кумаки сардори Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии ноҳия ва бо ризоияти кумитаи ҷавонон Авзалов толори тарафи чапи бинои бахши ҷавононро гирифта, онро аз ҳар гунна ифлосиҳо тоза карда, чароғҳои барқиашро дуруст карда мондем. Ният  дорем, ки ҳамин толорро, ки хеле васеъ ҳам аст, як макони ҳунару ҳунаромӯзӣ ва ҷойи дӯстдоштаи ҳунармандони ноҳия қарор диҳем. Хушбахтона барои амалӣ шудани ниятҳоямон ду дастгоҳи атласу адрасбофӣ, 6 мошинаи дарздӯзӣ ва 4 компютеру принтер дорем, ки дар навбати авал кифоягӣ мекунанд. Ният дорем, ки аз даҳрӯзаи сеюми моҳи декабр курсҳои омӯзишии атласу адрасбофӣ ва дӯзандагиро дар ду баст шуруъ кунем. Ҳоло бо кӯмаки шогирдонам чанд рӯз шуд, ки ба ороиш ва ҷиҳозонидани деворҳои толор машғул ҳастем. Ба ҳамаи деҳоти ҷамоатҳо хабар расонидем, ки духтарону занони ҳунарманд ва ҳамзамон онҳое, ки мехоҳанд ҳунар омӯхта, соҳиби сертификат шаванд, ба ин макони ҳунару ҳунаромӯзӣ омада муроҷиат кунанд.

 

 Маҷидзода А.

Ҳеҷ овозе нест