ИҶРО НАКАРДАНИ АМРИ ВАТАН ХИЁНАТ АСТ

Ватан доштан, соҳибмулк будан, соҳиби хоку обу замини худ будан барои инсон беҳтарин бахту саодат аст. Воқеан ҳам Ватан барои пиру барно мақоми муқаддас аст ва бояд ҳамин хел ҳам бошад. Дар ватан зистан, ба воя расидан ва дар ватан – дар пеши хешу ақрабо наздикони худ мурдан беҳтарин диди Худованд аст. Амри Ватан барои фарзандонаш ҳам фарз асту ҳам суннат. Шоири ҷанговари тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ ин амри Ватанро дар, як рубоиаш хеле воқеъбинона ба қалам додааст.

 

Гӯяд Ватанам, ки посбон шав, ту шавӣ,

 Бар сарҳади Шарқи дурамон рав, ту равӣ.

 Хоҳад, ки биё бар осмон пар, ту парӣ,

 Фармон бидиҳад, ки барқсон дав, ту давӣ.

 

         Иҷро накардани амри Ватан барои соҳибватан имконнопазир аст. Агар фарзанди ҳамин модар – Ватан ҳастӣ, ҳар як амру фармонашро ба ҷон бипазирӣ. Вагарна як умр сиёҳрӯй ва хиёнатпеша мемонӣ.

 Ҳамасола  дар ду даъват бо амри Пешвои муаззами миллат, Президент – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони синну соли ба балоғат расидаамонро барои хизмат ба сафи қушунҳои артиши миллӣ даъват мекунем. Чӣ мегӯед, ки дар ҳарду даъват ба мушкилоти сангин дучор мешавем. Дар баробари ихтиёриён як зумра ҷавонои дигар аз хизмати аскарӣ саркашӣ мекунанд.

 

Амонхуҷа Обидов

Сархатиби масҷиди ҷомеаи ноҳияи Фархор

Ҳеҷ овозе нест