Эй ҳамватан

Эй ҳамватан, эй ҳамватан,

Ҳушёр бош, хушёр бош!
Душман нишаста дар камин,

Бедор бош, бедор бош!

 

Бо ҳам биё, бо ҳам биё,

Дурӣ макун аз қавми худ.
Бо ҳам битан, бо ҳам битан,

Бо риштаҳои ҷону тан.

 

Дасти бародарро бигир,

Дуои модарро бигир.

Фармони сарварро бигир,

Боке макун аз тӯпу тир.

Темурмалик бобои мо,

Восеъ мудом ҳамроҳи мо.

Фирдавс – осо мешавад,

Бо амри Ҳақ маъвои мо.

 

Нуриддини Шамсӣ, «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷкистон»

Ҳеҷ овозе нест