Истиқболи ғолибон

Рӯзҳои 5 – 6 апрел дар мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе олимпиадаи ҷумҳуриявии анъанавӣ  аз фанҳои дақиқ доир гардид, ки зиёда аз 700 нафар толибилмони шаҳру  ноҳияҳои ҷумҳурӣ  дар он ширкат доштанд. Дар ин олимпиада 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияамон баъди ғолиб омадан дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ  роҳхати иштирок карданро гирифтанд. Хушбахтона, ду нафар дастпарварони ноҳия Нуралиев Суҳроб, хонандаи синфи 11 МТМУ №3 ва Бобохонов Муҳаммадҷон хонандаи  МТМУ №29 ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар натиҷагирии олимпиада  Нуралиев Суҳроб аз фанни химия сазовори ҷойи дуюм дониста шуда, соҳиби медали нуқра  гардид.

   Бобохонов Муҳаммадҷон, ки ҳоло дар синфи 9 – ум таҳсил дорад, дар олимпиада аз рӯи барномаи таълимии фанни химияи синфи 11 иштирок карда, ғолиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ  шуд. Медалу ифтихорномаҳоро ба ғолибон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар фазои  тантанавӣ  ба ғолибон тақдим намуд.

    Бо ибтикори  шуъбаи маориф  ғолибонро дар даромадгоҳи ноҳия омӯзгорону хонандагон бо гулу гулдастаҳо дар фазои идона истиқбол гирифтаву то ба муассисаҳои таълимиашон гусел намуданд. Саҳни ҳавлии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи №№3,29 низ фазои идона дошт. Садҳо нафар хонандагон интизори ғолибон буданд. Дар назди ҳар ду муассиса ба хотири ғолибон ҷамъомади тантанавӣ  доир гардид. Шодиву хурсандии ҳаммактабиёнро ҳадду канор набуд.

  Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Сафарзода Ғазалшоҳ назди ҳозирин ба сухан баромада, ғолибонро таҳсину офарин хонд ва ҳамзамон қайд намуд, ки ин пирӯзиҳо маҳз бо заҳмату машаққатҳои устодон Самадов Абдулманон ва Сафаров Ислом инчунин саҳми дигар омӯзгорон ба даст омадааст, ки шарафи маорифчиёни ноҳия аст. Ҳазорон ташаккур ба чунин омӯзгорони фидоӣ ,  гуфтанд мудир.

  Ногуфта намонад, ки ғолибон барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ  соҳиби имтиёзҳо шуданд, ки ҳалолашон бод.

И. Сайдаҳмад.

Ҳеҷ овозе нест