Ғолибони лоиҳа – озмуни «Раиси мардумӣ кист?» муайян шуданд

Бо мақсади инъикоси васеи ободкориву амалҳои созандагӣ , воқеъбинӣ  ва мушкилкушоии раисони шаҳру навоҳии кишвар, газетаи мардумии СССР лоиҳа - озмуни  “Раиси мардумӣ  кист?” таъсис дод. Озмун аз соли 2017 оғоз шуда, дар арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ҷамъбаст гардид. Дар озмун 78 раисони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ  ширкат варзиданд. Барои муайян кардани ғолибони озмун ҳамарӯза ба идораи ҳафтавори СССР зангу паёмҳо, номаҳои электронӣ  ва овоз – купонҳо ирсол гардида, сокинон аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ  ба тарафдории раисони шаҳру навоҳии худ овоз медоданд.

    Хушбахтона, раиси ноҳияи Фархор муҳтарам Вализода Сулаймон дар натиҷаи ба даст овардани миқдори зиёди овозҳо  тавонист дар қатори 13 раисони мардумии навоҳии кишвар ҷой гирад.

Барои супоридани ҷоиза ва диплом ба раиси ноҳия сардабири газетаи мардумии СССР Сайёфи  Мизроб ва масъули лоиҳа – озмуни «Раиси мардуми кист?» Ҷамила Ҳусейнова рӯзи 12 апрел ба ноҳияамон ташриф оварданд.

 Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳузури як қатор роҳбарони ташкилоту  муассисаҳои давлатӣ  ва фаъолони ноҳия ҷоиза ва диплом дар фазои тантана ба раиси ноҳия супорида шуд.

  -  Дар ҳақиқат имрӯз симои шаҳраки Фархор баробари дигар манотиқи кишвар тамоман тағъир ёфта, дилкашу зебо гаштааст. Меҳмоннавозию меҳмондӯстӣ  барин хислатҳои қадимаи тоҷикон дар симои мардуми шарифи Фархори бостон баръало дида мешавад. Мо метавонем! – гуфт Сайёфи Мизроб дар суханронии хеш.

   Муҳаррири газетаи «Гулистон» Маҷидзода А, мудири шуъбаи маориф Сафарзода Ғазалшоҳ, мудири бахши кор бо занон ва оила Талбова Дилбар, сархатиби масҷиди ҷомеъи марказӣ  Ҳоҷӣ  Амонулло Обидов ба сухан баромада, оид ба табдил додани Фархори бостон ба як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азиз бо роҳбарӣ , масъулиятшиносиву кордонӣ  ва заҳмату талошҳои раиси ноҳия  иброз доштанд ва  ҳамзамон ба ташкилкунандагони лоиҳа – озмун изҳори миннатдории хешро баён карда, раисро самимона барои сазовор шудан ба ин мартаба табрик намуданд.

     DSC_0404.JPGДар анҷом раис  афзуданд, ки тамоми имконият, таҷриба ва маҳорату малакаи хешро дар ободонӣ , сарсабзу хуррам гаштани Фархор ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум сарф хоҳад кард.

Миёна: 6 (1 vote)