«ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМРО ДАР ҲАР ЧЕҲРАЕ, КИ НАБОШАД, МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!»

Қудрати некӣ надори ту, дилозорӣ макун,
Гар тавони, то
қиёмат пашшарохорӣ макун.

Умри одам бигзарад монанди боди сарсарӣ,
Ба
ҳри мансаб, молу пулдунё харидорӣ макун.

Мардуми чашми ҳазорон марду зан яксон ба хок,
Илти
ҷо дорам, ки ҳаргиз мардумозорӣ макун!

Кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози рӯзҳои истиқлолият бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гардид, ки аксари ин мушкилот ба сабаби фаъолиятҳои баъзе ҳизбу гурӯҳҳо ба вуҷуд меомад. Аз ибтидои ба даст гирифтани роҳбарии мамлакат Пешвои миллат барои барқарории сулҳу субот дар кишвар ва аз байн бурдани хушунату куштори мардум талош менамуд. Ин талошҳо аз самими қалби ӯ сарчашма мегирифт ва то ҷое пеш рафт, ки ҳатто ба ҷони ӯ хатарҳои ҷиддӣ таҳдид мекард.

Ин сиёсатмадори худодод, ки неъмати бузурге барои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ҳамеша аз тариқи гуфтугӯи мусолиматомез ва дасти дӯстӣ дароз кардан ба мухолифон орзуи якпорча намудани Тоҷикистонро, ки хатари парокандагиву нобудӣ онро таҳдид мекард, дар дил мепарварид. Ин ният аз қаъри дил ва холисона буд ва ба ҳамин хотир, ӯ ба орзуяш расид. Бо мухолифон дасти дӯстӣ дод, онҳоро дар кишвар пазируфт, то дар канори давлату ҳукумат барои рушду тараққии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд. Ин рафтори Пешвои миллат айнан тибқи дастури Худову расул (с) аст, ки ҳатто бо бадхоҳону душманони худ некӣ кунед, шояд аз душманӣ даст кашанд.

Аммо таҷриба нишон дод, ки бархе гурӯҳҳо дар мисоли ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзат бо ҳимояти неруҳои хориҷӣ, аз ҷумла кишвари ба мо ҳамзабони Эрон ба қадри ин хайрхоҳиҳо нарасиданд ва дар сар ҳавасҳои нопокеро мепарвариданд. Дигар ҳидоятҳову гузаштҳои Роҳбари дилсӯзи давлат ба онҳо таъсир надошт ва онҳо чеҳраҳои ҳақиқии худро, ки саршор аз кинаву адоват буд, ошкор сохтанд. Амалкардҳои разилона ва ғайриинсонии ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзат бозгӯкунандаи ин ҳақиқат аст, ки дигар намешавад бо ин гурӯҳ созиш намуд. Шоир мегӯяд:

Чандин чароғ дораду бероҳа меравад,
Бигзор то бияфтаду бинад сазои хеш.

Зарурати ҳифзи амният ва якпорчагии кишвар тақозо намуд, ки бо чунин гурӯҳи саркашу ифротӣ аз роҳи қонуну қудрати давлатӣ муомила карда шавад. Ин як амри табиӣ аст, зеро амнияти давлат, осоиштагии мардум ва сулҳу субот барои ҳар давлате дар ҷои аввал меистад ва ҳар хатаре, ки ба ин арзишҳотаҳдид намояд, бояд пешгирӣ ва ҳатто аз байн бурда шавад. Дар ғайри ин сурат на давлате дар дунё барқарор мемонаду на миллате ва мо чунин амалкардро ҳар рӯз аз тарафи давлатҳои гуногуни дунё мушоҳида мекунем.

Аммо гӯё давлати мо дар ин замина аз дигарон фарқ дошта бошад, ки хоинони миллат ва ошӯбгарони ошкор зери ниқоби ҳизби террористии наҳзат дар хориҷи мамлакат аз дастгириҳову кумакҳои молиявию дипломатӣ бархӯрдор шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз дар корҳои дохилии кишварҳои дигар дахолат накардааст ва бо ҳамаи давлатҳо бар асоси меъёрҳои ахлоқиву эҳтироми тарафайн муомила мекунад. Лекин аз чӣ бошад, ки бархе давлатҳо ин меъёрҳоро, ки алифбои дипломатия ба ҳисоб меравад, риоя намекунанд ва ҳимоят шудани ташкилоти экстремистӣ террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз тарафи давлати ҳозираи Эрон ва бархе давлатҳои аврупоӣ далели ошкори гуфтаҳои боло мебошад.

Як масъала хеле аламовар аст, ки ин кишварҳо чаро як бор фикр намекунанд, ки ташкилоти экстремистӣ террористии ҲНИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои фаъолияташ чӣ хизмате ба халқу Ватан кардааст? Дар бораи ҳалли проблемаҳои иҷтимоиву иқтисодиву сиёсӣ мо сухан намегӯем, балки мепурсем, ки ҳатто барои ҳалли мушкилоти диниву мазҳабии ҷомеа ва барқарор намудани фазои андешаи динии солим оё ин ташкилот саҳме гузоштааст? Баракс, бо ташвиқи ғояҳои инқилоби исломӣ дар заминаи тарғиби шиаи имомӣ ҳамеша хостори ба роҳ мондани нооромиҳо дар кишвари мо гардидааст. Натиҷаи фаъолияти Ҳизби террористии назҳат бо дастирии кишвари ҳамзабони Эрон ба мо ҷанги дохилӣ ва дар баъзе ҳолат ихтилофоти мазҳабӣ “армуғон” овард.

Рашидов Пайрав.

Директори «Маркази хизматрасонии иҷтимои» дар ноҳияи Фархор

Ҳеҷ овозе нест