БА КАДОМ РОҲЕ НАБОШАД, ФАРЗАНДОНАМОНРО АЗ КИШВАРҲОИ ИСЛОМӢ БАРГАРДОНЕМ

Худованди бузург дар Қуръони шарифаш  дар Сураи Нисо, дар ояи 59 чунин овардааст: «Эй мусулмонон, итоат кунед Худойро ва итоат кунед Пайғамбарро ва зимомдорони худро». Ҳамдиёрони азиз, Худованд тавассути ҳамин ояташ моро вазифадор кардааст, ки Ӯро ва Пайғамбараш – Муҳаммад (с) ва падару модар ва шахсони мо ва Ватани моро зимомдорӣ мекунанд итоат кунем. Пешвои муаззами миллат таҳиякунандагони қонунҳои ҷиноиро супориш доданд, то ки тағйиру иловаҳо ворид кунанд, то онҳое ки бо кадом роҳу восита дар давлатҳои исломӣ меҷанганд, ва ё ғайри қонунӣ таҳсил мекунанд ба Ватан баргарданд, бахшиш карда мешаванд. Бояд онҳоро баргардонем, то номи сиёҳи террористию ифротгароиро аз номи иддае аз фарзандони фиребхӯрдаи миллати тоҷик бардорем. Аз ин лиҳоз тибқи супориши раиси ноҳия муҳтарам Раҳматзода Рустам Мирзо аз 1 феврал гурӯҳи кори ташвиқотӣ дар ҳайати намояндагии прокурор, суд, амнияти миллӣ, шуъбаи корҳои дохила, бахши муҳоҷират, дин  танзими анъана ва ҷашну маросим, бахши занон  ва кор бо оила, рӯзномаи «Гулистон» ба хонаи ҳамон ҷавононе, ки ба Сурия, Ироқу Шом гӯё ба ҷиҳод рафтаанд, рафта бо падару модаронашон, бародаронашон ҳамсуҳбат шуда, ҳадафҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаҳмониданд, ки баргашта омадани онҳо ба Ватан ҷиноят нест. Омадагиҳо бахшиш карда мешаванд.  Аз рӯи нишондодҳои оморӣ аз қаламрави ноҳияамон 40 ҷавон ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳама маълум аст, ки онҳоро аз рӯи мафкураи террористию ифротгароӣ тарбия мекунанд. Барои ҳамин, бо маслиҳати хешу таборон, ҷӯраҳо, ҳамсинфон, тавассути алоқаи телефонӣ онҳоро бо кадом роҳе набошад, бояд баргардонем. Аз болои онҳо парвандаи ҷиноӣ кушода намешавад. Онҳое, ки бо ҷурми бесаводӣ дар кишварҳои ҷангзадаи исломӣ қарор доранд, аз ҷамоатҳои шаҳраки Фархор, деҳоти Фархор, Дарқад, Гулшан, Ғайрат, «20 солагии Истиқлолият» ва Ҷамоати деҳоти Ватан мебошанд. Ҷавонони мо бояд бидонанд, ки хушбахт он кас мешавад, ки ҳаёташ дар Ватани ҷононаш, дар ҳалқаи ёру дӯстон ва хешу табораш мегӯзарад. Беҳтарин фазои мусулмонӣ фазои сулҳу амонӣ ва тинҷию осудагӣ мебошад. Ақлро дар сар бигиред, фирефта нашавед, гиряи модари зор, зану фарзандонатон, оби дидаи шашқатори хоҳару додаронатонро андеша кунед. Қадри миллату давлатро ба қадри ҷонатон баробар бидонед. Мегӯянд, вақто ки Амир Олимхон дар Афғонистон мемурад, аз рӯи васияташ болои қабраш чунин мисраъҳоро катиба мекунанд:

 Амири беватан хору ҳақир аст,

 Гадо гар дар ватан мирад, амир аст.

 Вохӯриҳои гуруҳ идома дорад.

                                                                   А. Маҷидзода

Ҳеҷ овозе нест