ДУРАНДЕШ БОШЕД

Баъди пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 мо ба осонӣ Истиқлолияти ватанро ба даст овардем. Вале баҳори соли 1992 рӯи наҳсии хоҷагони бурунмарзӣ ва хушомадгӯёни онҳо нишонаҳои ҷанги таҳмилӣ ба вуқуъ пайваст.

         Ниҳоят тобистон ва тирамоҳи ҳамон сол ин номеҳрубониҳо қисматкуниҳо оғоз шуд. Бародар муқобили бародар истода, ба қасди якдигар тиру камон кашиданд. Пушти сангарҳо нишаста, қалби Ватану инсонҳоро нишон гирифтанд, ки дар натиҷа одамонро ғаму андӯҳ фаро гирифт. Тоҷикистон гӯё дар оташи рашку кина месӯхт. Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст. Қатлу куштори одамони  бегуноҳ боиси қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорӣ шуд.

         Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорам, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд.

Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон торафт бештар доман афканда, боиси ташвишу изтироби ҷаҳониён гаштааст. Дар дунё имрӯз ягон давлате нест, ки аз амалиёти даҳшатафзои террористону ифротгароён дар ташвишу таҳлука набошад. Зеро амалҳои хатарзои террористону ифротгароёни қтисодиёту иҷтимоиёти ҳар мамлакатро ба поён бурдаву ҳатто ба нестӣ мерасонанд ва боиси марги садҳо ҳазорҳо одамони бегуноҳ мегарданд.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳама суханрониҳояш таъкид месонанд, ки: «Ҷавонон ояндаи давлат мебошанд». Аз рӯзҳои нахустини сари қудрат омаданашон  мардуми шарифи мамлакатро даъват менамуд, ки роҳи ободгариву ватандӯстиро пеш бигиранд.

         Дар Паёмҳои қаблӣ ва дигар сухарониҳо ман шахсан андешаҳои худро доир ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳор карда будам. Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Сарони ин ҳизб аз зумраи он ашхосе буданд, ки дар давраи фаъолияташон «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» шиорашон будааст.

         Киҳо мехоҳанд, ки Тоҷикистонро ноором созанд? Ҷавоб медиҳам:

         Мардуми ба идеологияи ин ҳизб гаравида аз зумраи ин ашхосе мебошанд, ки ҷаҳонро ва билохир ватанро бо амал не, бо хаёлашон обод карданианд. Майдони «Амалиёти созанда»-и ТТЭ ҲНИ майдони шабакаҳои аксаран барои Тоҷикистон нолозим буда, онҳо сафи тарафдоронашонро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ аз сиёсат ва камтаҷриба дар афзун кардананд.

         Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ вазъияти орому осоиштаи кишварамонро мехоҳанд, ки ноором созанд, ҷавононро ба гирдоби нохӯшиҳо тела диҳанд.

Бояд андешем, ки касе ҷуз мо дар фикри обод кардани ватанамон нест. Ҳамчунин обод кардани ватан аз эъродгирӣ бо сухан анҷом дода намешавад. Берун аз марз истода, барои заме бар ками Тоҷикистон меҳнати софдилона кардани муҳоҷирони меҳнатиро ман як навъ ифодагари ватандӯстӣ мешуморам.

Муҳоҷирони меҳнатӣ, ба суханони ҳарзаи идеологҳои назҳатӣ дода нашавед.

 

Раҳматшоева Мушкинисо,

омӯзгори муассисаи №3

Ҳеҷ овозе нест