ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДИ НОҲИЯ

         Санаи 19-02-2019 дар Боғи фарҳангии ноҳия “Фестивали ҳунарҳои мардумӣ” таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” бо иштироки васеи ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо бо пешкаши беҳтарин маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ аз қабили “чубкорӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, қуроқдузӣ, бофандагӣ, гулдузӣ, дузандагӣ, сузанидузӣ, заргарӣ, зардузӣ, адрасбофӣ, тарроҳӣ, ҷомадузӣ” доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур аз тарафи Сардорӣ Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Навруззода Аслбӣ ба як қисм ҳунармандон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

         Инчунин санаи 15-02-2019 Фестивали “Чакомаи гесу” дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, ки дар он аз тарафи шуъбаи кор бо занони ноҳия иштирок доштанд ва ҳашт нафар ғолибони даври ноҳиявӣ аз тарафи раиси вилояти Хатлон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.

Ҳеҷ овозе нест