Терроризм ва экстремизм дар ҷомеаи имруза

Терроризм ва экстремизм дар ҷахони  имрӯза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хатар ба вазифаи муҳим  ва аввалиндараҷаи хар як фарди ватанамон табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу вахдати Миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми навбатиашон атрофии ин тоифа мардуми сиёҳкор терроризм ва террорист андешаҳои ҷолиб иброз доштаанд. Аз руи хабарҳои хабарнигорони кишварҳои дунё маълум мешавад, ки терроризм ҷинояти байналмилалӣ шудааст. Яъне терроризм ҷиноятест, ки олами  инсониятро фаро гирифтааст. Қатлу куштор ва таркондану  ҷоеро вайрон кардан барои онҳо амали нек ва кори савоб ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу вахдати Миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯхтарам Эмомали Рахмон аз тарики Паёмашон иброз дошта гуфтаанд, ки «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худи ва бегона, ашади ва ислоҳгарое хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс тавре, ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист  ватан, дин, мазҳаб ва милат надорад. Зуҳуроти терроризм ба субботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».

Пеш аз ҳама мақсади асосии террористон ба он равона карда шудааст, ки сохти давлати ҳадафшударо фалаҷ гардонида, бо роҳи табадуллот матлабҳои худро амалӣ гардонанд.

Ҳамдиёрони гиромӣ! Вақти он расидааст, ки ҳар яки мо дар таълиму   тарбияи насли хеш бетараф набошем.Чунон бояд кард, ки насли миллати мо ватандӯст, худшиносу худогоҳ ва босавод ба воя расад. Манфиатҳои миллату давлаташро аз ҳама боло донад. Аз кишвари азизаш ифтихор дошта бошад. Ҷавонони мо боандеша бошанд, чунин оқибати беандешагӣ пушаймонӣ дорад.

 

Директори филиали КВД “Тоҷиксуғурта”

дар ноҳияи Фархор,             Самариддинзода Ҳ.С.

Ҳеҷ овозе нест