МАЪЛУМОТНОМАИ МУОВИНОНИ РАИСИ НОҲИЯ

Вализода Насрулло Мирзо

5 майи соли 1963 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст.

Солҳои1981-1986 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро Бо ихтисоси агрономи хатм кардааст.

Солҳои 1986-1993 сардори бригадаи пахтакорӣ, котиби озоди Кумитаи комсомолӣ, котиби раёсати хоҷагии ба номи Калинини ноҳияи Фархор.

Солҳои 1993-2000 Сардори бригадаи ғаллакорӣ, мудири агроучасткаи №2 хоҷагии ба номи А.Ҳасанов.

Солҳои 2000-2005 Сарагрономи Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи А.Ҳасанов, ноҳияи Фархор.

Солҳои 2005-2006 муовини раиси Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор.

Солҳои 2006-2011 Раиси Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор. Аз 07.2011 то соли 2017 Сардори шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор.

Аз моҳи апрели соли 2017 дар мансаби муовини аввали раиси ноҳияи Фархор кор мекунад. Вакили Ҷамоати деҳоти Дарқад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.08. 2013, №498 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардидааст. Оиладор

*************************************************************************************************************************************************************************

Камолзода Раҳматхуҷа Амирхоҷа

Миллаташ тоҷик

Маълумот - олӣ

Санаи 11 ноябри соли 1959 дар деҳаи Ҳаёти нав, ҶД Ғайрат, ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1967 ба синфи якуми мактаби миёнаи №6 ба номи Пушкин рафта соли 1977 мактаби номбурдаро хатм намудааст.

Аз соли 1977 то соли 1982 донишҷӯи Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ шуда, факултаи сохтмони саноатӣ ва гражданиро хатм намудааст.

Солҳои 1982-1987 корманди КСМ №26 трести Кулобводстрой дар н. Фархор ва н.Данғара кор кардааст.

Солҳои 1987-1994 сармеъмори ноҳияи Фархор кор кардааст.

Солҳои 1995 – 2003 муовини раиси ноҳияи Фархор.

Солҳои 2003 – 2004 ҷонишини директори маркази давлатии литсензионии Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2004 – 2007 сардори шуъбаи сохтмони асосии кумитаи давлатии ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2007 – 2012 муҳандиси сохтмон дар САҲА дар Душанбе

Аз соли 2012 то инҷониб муовини раиси ноҳияи Фархор.

Рутбаи ҳарбӣ – майор.

Оиладор, соҳиби 9 фарзанд.

***********************************************************************************************************************************************************

Аскарализода Наргис

24-07-1986 дар шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор, вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 2003: МТМУ №3-и ноҳияи Фархорро хатм намудааст.

Соли 2003-2008: тибқи Квотаи Президентӣ ДДОТ ба номи С.Айниро бо ихтисоси омӯзгори фанни таърих хатм намудааст.

Соли 2008-2011: омӯзгори фанни таърих дар МТМУ №№30, 59.

Соли 2011-2013: мутахассис-пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор.

Соли 2013-2014: Магистратураи ДИДНП ҶТ

Соли 2015-2016: мутахассис-пешбари шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор.

Соли 2016-2017: Сармутахассиси котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кудаки МИҲД-м ноҳияи Фархор.

Соли 2017-2020: Мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор.

Аз 02-2020: Муовини раиси ноҳияи Фархор.

Миллат: тоҷик

Муҷаррад.