КАБИРИ ВА ПАЙМОНИ "МИЛЛИ" АХЛОТГОХ ДАР АВРУПО

Сомонаи чанд тан ватанфурӯшони «Паём.нет» доир ба нишасти 126-уми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид, ки доир ба масоили “Риояи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва маъдании шаҳрвандони Тоҷикистон” дар шаҳри Жнева баргузор гашт, навори пур аз сакта ва муғризона дар шабакаҳои иҷтимоӣ омода ва пахш кардааст. Ин навор ҳеч далели воқеӣ ва мантиқӣ надорад. Тавре ки прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни мулоқот таъкид намуд, давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар меҳвари асосии фаъолият қарор додааст. Инсон дар Тоҷикистон манзалату мартаба дорад, ин нукта ба ҳамагон рӯшан аст. 
Дар ин нишаст Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид барои роияи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба самтҳои мухталиф савол ироа дошт ва прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҷавоби муҷаз вале хеле мантиқиву барои ҲНИ дандоншикан дод. 
Ҳеҷ ҷои шаку шубҳае нест, ки ин лошахурони дайду ва худбохтаву хоҷахарида бо роҳбарии Кабирии шуму наҳс баҳри ҳалқи худ, халқ ва миллатфурӯшӣ доранд.
Дар ин навор баъдан Кабирӣ бо либосе намуддор мешавад, ки дигар бӯйи сиёсат намекунад ва ранге аз исломи ноб дида намешавад. Кабирӣ магар хоҷагонат бо либоси хосе таъмин накарданд, ки чунин девонаавзо намуддор гаштӣ?..
Ин Кабирии ватандурӯш, динбезор ва аҳмақу сустунсур худро роҳбари Паймони миллӣ (Паймони шаурмахӯрон) муаррифӣ дошта, чунон ҳарф мезанад, ки гӯё дигар мардум кӣ будану чӣ кардани ин лаинро фаромӯш карда бошанд. Чунон ҳарф мезананд, ки роҳбарияти ҲНИ дар ҷанге, кушторе ва бесарпаноҳ мондани ҳазорон занону кӯдакон бегуноҳ мошанд. Эй хоин, бо ин қадар кофирӣ, мардумкушторӣ, харобкорӣ, авбошӣ, бегонапарастӣ, таҷовузкорӣ магар боз бегуноҳед? Туф бар ту ва ҲНИ!!! Ҳару ҳам лаънатшудаи Худо ва мардуми шарифи Тоҷикистонед.
Илиёс Каримов, устоди ДДХ

Ҳеҷ овозе нест