БА ПАДАРИ ТУ ЛАЪНАТ «ВОСТОКНЮС»

Сиддиқи Акбар муаллифи хиёнатманиши беномус ба сӯи тоҷикон таҳқир мефиристад. Чун номус надорад, дарк намекунад, ки ин баҳсҳои сиёсӣ мераваду нангу номус боқӣ мемонад. То куҷо ин ҳаракатҳои ноҷоро давом медиҳад, худ медонаду хоҷагонаш. Як чиз маълум аст, ки на ақл дар сар дораду на фаросат. Аз рӯйи ташхисҳои коршиносони соҳаи забон, муаллифони наҳзатӣ муаллифи «востокнюс» мебошанд ва ба гумони калон Кабирӣ ин сомона дар роҳбарии он қарор дорад. Навиштаҳои Сиддиқи Акбарро мехониву насиҳатҳои Кабирӣ ба ёдат меояд. Забоншиносон мегӯянд, ки Акбар аз калимаи арабӣ буда, решааш ҳамон Кабирӣ аст. Ба иборати дигар ё Муҳиддини Кабирӣ мебошад ва ё аз узви хонаводаи ӯст, касе ки менависад. Дар бораи зулм навиштаанд ва фаромӯш карданд, ки наҳзат чунон дар ҷумҳурӣ золимӣ кард, ки то ҳоло мардум аз ин ниятҳои онҳо менависанду мекоранд. 
Кабирӣ як нафари дорои тафаккури нимамаҳалии бо олудагиҳои биёбонӣ махлут, алломатарош бо донишҳои сатҳи пасти зоҳирпарастӣ ва тобеи нафси армонии омехта. Ҳамин як ҷумла, маниши Кабириро хулосагирӣ мекунад. Дар ҳамин ҷо метавонем, нуқта бимонем. Нуқтаи ғафси тамат. Коғазро омехтаи ҳарфҳои беҳудаву пуч насозем. Вале ҳамоқатнигории Кабирӣ маҷбур месозад, ки ба умқи фардии ин «сиёсатмадор»-и дингаро бештар зеҳн биронем. Аз таъсиси додани сомонаҳои муғриз чӣ мехоҳад. 
Агар ин қувваи тахрибкор,ки «Востокнюс» ном дорад, ҷангро нахоҳанд, дар Ватан ором зиндагӣ мекарданд, бо вазъияти баамаломада муросо мекарданд. Зеро мансабу маром доштанд, вакилу тоҷир буданд. Вале ин қишри бевиҷдон мехоҳанд, ҳама чиз аз онҳо бошад. Мутлақандешӣ ҷузи ҳувият ва рафтори ин даҳшатафканҳои бериёст. Агар бар сари матлаб баргардем, ин паймони зиддимиллӣ, ки аз тагу рӯ тобиши хориҷӣ дорад, чӣ мехоҳад? Даъват ба ҳалли мушкилоти золиму мазулм ва худ дар хориҷи кишвар қарор доштан, як амри аҳмақона аст. Касоне миллатро месозанд, дар бораи ин маъқулаҳои изҳори ақида мекунанд, ки дар рӯзҳои сахту вазнин дар Ватан қарор доранду бо заҳматҳои щабонарӯза ба худро манзилгоҳи мақсуд наздик мекунанд. Кас, ки бетараф аст, ҳамин тавр изҳори ақида мекунад. Нафар, ки манфиати терористони фирориро болотар аз ҳақки мардум донист, ҳамин хел худшефта мешавад. Офтобро намебинаду ҳарза мегӯяд. Ривояти Мавлоно аст дар бораи канизак ва зиёдаравии он, ки мегӯяд к..-ро диду кадуро не. 
Ҳайф ту барин тоҷик, масъули Востокнюс» 
Солим Саркоров, шаҳрванд

Ҳеҷ овозе нест