МУЛОҚОТИ КАБИРӢ ДАР БРЮССЕЛ

Кабирӣ дар мулоқот бо рузноманигори рус дар Брюссел оиди оғози ҷанги шаҳрвандӣ суханҳои бофтаю беасосро гуфта дод. Кабирӣ дар ин ҷанг ҳатто Ислом Каримов-собиқ Президенти Узбекистон ва Борис Елтсин-собиқ Президенти Россияро ҳам гунаҳгор намуд, ки ҳардуи онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Агар ин шоҳидҳо зинда мебуданд, Кабирӣ ҳеҷ гоҳ ин суханҳоро ба забон намеовард.

         Кабирӣ айбу гуноҳҳои ҳаммаслаконашро пушонида, ҳақиқатро нагуфт, ки муовини вазири мудофиа-ҳоҷи Ҳалим чихел мехост ки табадуллоти ҳарбӣ созад. Ӯ нагуфт ки наҳзатиён чи гуна рафта дар лагерҳои террористии хориҷи кишвар рафта машқҳои ҳарбӣ гузаронида, зидди давлату миллати Тоҷикистон нооромиро мехоҳад созад. Ӯ нагуфт, ки наҳзатиён мазҳаби шиаро қабул карданду як қисми ҷавонони тоҷикро гумроҳ карда, аз модару ватан дур кардаанд. Кабирӣ ончунон сухан мегуяд, ки ҳатто рузноманигори рус фаҳмид ки ин лаъин бояд хомуш наистад. Кабирӣ ба эҳсосот дода шуд. Чун ӯ яке аз сабаҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро дар сиёсату мусоидати Руссия ба Тоҷикистон номид. Пуштибонӣ аз Ирон низ кард. Гуё Афғонистону Ирон тарафдори сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон будааст. Чунки Кабирӣ худаш зархариди Ирон аст. Афғонистон ки худаш як давлати ҷангзада асту ба як рузи тенҷӣ умед дорад, чи гуна пуштибонӣ аз давлати Тоҷикистонро кардааст? Кабирӣ дуруғ мегуяд. ӯ худаш ҳамроҳи Абдулло Нурӣ дар Афғонистон бо дастгирии Гулбиддини Ҳикматёр яроқу муҷоҳидонашонро ҷамъ карда, аз қисми ҷанубу шарқии Тоҷикистон, бо роҳи даромади Ванҷу Дарвоз вориди марзи Тоҷикистон шуда, аз тарафи минтақаҳои Рашт даромада, бар зидди Қувваҳои ҳарбии Ҳукумати Тоҷикистон бар зидди бародарони худ тирборону хунрезиҳо карда буданд. У медонад ки миллати тоҷик аллакай уро ҳамчун як хоин медонанд. Аммо берую беабру мегуяд ки, -ман шаҳрванди Тоҷикистонам. Тоҷикистон ту-Кабириро оқ кардааст. Таърих туро намебахшад ва дар ягон саҳифааш номатро наменависанд. Аққалан як бор номатро.

Тоҷиддин, омӯзгор.

Ҳеҷ овозе нест