Терроризм ва экстремизм — падидаи хатарзо

Дар адабиёти муосири илмиву соҳавӣ дар масъалаи тафсиру таҳлили мафҳуми “терроризм” ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад ва ҳар муҳаққиқ ин падидаро вобаста аз нуқтаи назар ва дидгоҳи худ таҳлил ва тафсир намудааст. Маънои луғавии вожаи лотинии “террор” тарс, даҳшат мебошад. Аз ин ҷо маълум мешвад, ки маънои “терроризм” даҳшатафканӣ ва ба вуҷуд овардани тарсу воҳима дар ҷомеа мебошад. Дар ҳақиқат пеш аз ҳама амалҳои террористӣ хусусияти зуроварӣ, маҷбурсозӣ, таҳдидкунандагӣ ва даҳшатафканиро доранд. Ҳар як террорист тарсонидан, фароҳам овардани муҳити тарсу ҳарос ва даҳшатафканиро ҳамчун усули асосии расидан ба ҳадафҳои хеш қарор медиҳад. Бо назардошти хавфи ҷамъиятӣ ва даҳшатнокии амалҳои террористӣ, зидди иҷтимоию зидди инсонӣ будани он, терроризмро ҳамчун феномени ҷамъиятӣ, ки истифодабарии зиддиҳуқуқии қувва ва таҳдидро ба хотири тарсонидани рақибон ва расидан ба ҳадафҳои хеш асос медонад, тасниф кардан мумкин аст.
Тамаддуни башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро тағйир дода натавонанд ҳам, вале онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва умуман, дар раванди таърихии инкишофи халқу миллатҳо, давлатҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсири назаррас мерасонанд. Дар ин радиф ҷараёнҳои экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ аз ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи ин гуна ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои хатарнок ва коркарди роҳу усулҳои самарабахши мубориза ба муқобили онҳо пеш меояд.
Бояд тазаккур дод, ки терроризм ва экстремизм дар таърихи инсоният ҳодисаҳои нав нестанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои ҳокимият талош мекарданд, даст ба зӯрӣ, даҳшатафканӣ ва тарсонидани одамон мезаданд ва террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш ва расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода мебурданд. Дар Асрҳои Миёна, алалхусус дар кишварҳои аврупоӣ, терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ мақоми махсус пайдо намуда буд. Умуман, чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳамаи давру замонҳо нерӯҳои иртиҷоиву экстремистӣ барои нобуд намудани рақибон ва расидан ба мақсадҳои сиёсии худ аз террор ба таври васеъ истифода мебурдаанд.
Чӣ тавре ки маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иҷтимоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахтона, баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин, соли 2007 дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд. Мақсад аз қабули қонунҳои мазкур танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна ифротгароиҳост. Зеро имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили дастрасӣ ба ғаразҳои нопоки сиёсиашон истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом таҳдид доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Шуъбаи маорифи н.Рашт

Ҳеҷ овозе нест