АЗ ЧОРСУИ ДУНЁ

Гӯё ҳама ва дар чор гӯшаи олам роҳи берунрафта аз ин бунбастро меҷӯянд, аммо вазъ печидатар шудан дораду роҳи раҳоӣ аз буҳрон то ҳанӯз пайдо нест.
Аз чорсуи дунё ҳар рӯзу ҳар соат маргу таҳриб, тазъиқу таъқиб, таҳдиду таркиш, ҷангу ноамонӣ, терор, муноқиша, одамкушӣ бо шеваҳои гӯшношуниду муҷодот бо усулҳои доқёнусиро мешунавему мехонем. Барои қудратҳои ғарбӣ, ба истилоҳ ҳомиёни ҳуқуқи башар, оташафрӯзӣ дар миёни милатҳо ва дар ақоси олам як кори маъмулӣ шудааст.
Қиширҳои амну оромиолам, бахусус давлатҳои мусулмонии Шарқ яке пайи дигаре ба коми ҷангу ноамонӣ гирифтор мегардад. Бо баҳонаи маккоронаи дифоъ аз ҳуқуқи инсонҳо ва демократикунонии ҷомеаҳо ҳазорҳо мардуми бегуноҳ, аз ҷумлаи занону кӯдакону мӯйсафедон қатл мекунанд, милионҳо милатҳои бумиро бехонаву дар месозанд, ба Аврупо иҷборан муҳоҷирашон мекунанду баъдан кадом кишвари аврупоӣ чӣ миқдор гурезаи мусулмон пазируфтанро миёни ҳам машварату маслиҳат мекунанд, яъне як масхарабозии сиёсӣ дар ҷараён аст. Дар чунин шароити мушкил ва нобасомон, ки қудратҳои бузургу гуруснаи ҷаҳонӣ тӯъмаҳои наву тоза мехоҳанд, мо тоҷикон ва давлати миллии навпои мо бояд чӣ кор кунем.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ба хулоса оем, ки амалҳои анҷомдодаи террористону экстремистон бештар ба дину мазҳаб робита дошта, рушди илму техника ва инсонияту зиндагии онро инкор мекунад.
Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Омилҳои асосӣ аз ҷумла сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи, воқеӣ, пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, паймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайра ба шумор мераванд.
Дар робита ба ин, барои пешгирии зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ ба масоили ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, тавсияи корҳои равонӣ, ки барои пешгирии хушунат мусоидат менамояд, маҳдудияти иҷтимоии гуруҳҳои террористӣ, маҳдуд намудани онҳо аз дастгириҳои дохилӣ ва берунӣ, ошкор ва нест кардани сарчашмаҳои маблағгузорӣ, рушди сиёсати давлатии мубориза бо терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоию сиёсӣ, ҳамоҳангсозии нерӯи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи марказонида шуда оид ба таъмоми фаъолият барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм бояд таваҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Ахмадов Муллочон Сафарович мудири бахши фарханги н.Рашт

Миёна: 6 (2 votes)