Нисбат ба зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ бетараф набошем!

Хамватанони азиз нисбат ба зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ бетараф намебошем!

Дар давраи гулгулшукуфӣ ва ҷаҳонишавии ҳаёти сиёсию иқтисодии пешрафту рушди илми техникӣ, беҳтаршавии муносибатҳои дӯстонаи қавму халқияту миллатҳои гуногунзабон, гуногунфарҳанг ва гуногунмазҳаби сайёра падидаҳои номатлуби зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ таҳдид дорад.
Ин гуна мазҳабҳои номатлуби зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ, ки аз ҷониби давлатҳои абарқудрат идора карда мешавад, мо аҳли ҷомеаро ҳушдор месозад, ки нисбат ба ин гуна падидаҳои номатлуби мазҳабҳои зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ бетараф набошем, ки қисми зиёди шаҳрвандони мамлакатҳои мусулмоннишинро давлатҳои исломӣ ташкил медиҳад.
Дар бораи терроризм ва экстремизим дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ таъкид кардаанд, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.
Созмонҳои террористии «Ал-Қоида», «Толибон», «Ҷабҳат-ан-нусра» аз аввалин гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Идомадиҳандаи роҳи онҳо созмони террористии ба номи «Давлати исломӣ» мебошад, ки дар тундгароӣ ва терроризми динӣ ҳамчун вабои замон муаррифӣ гаштааст.
Барои ривоҷу равнақ додани мазҳабҳои зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ гумаштагони хоҷагони хориҷӣ бо роҳу фанду фиребу гӯлзанӣ, ташвиқу тарщиб, ҷалбсозӣ ва бо ваъдаи шаҳидшавӣ дар роҳи ҷиҳоду ҳаёти хушу хуррамона дар он дунё наврасону ҷавонон ва низ занону духтарони аз ҷиҳати шуури сиёсӣ камолнаёфтаро фирефтаи ақидаҳои
хурофотӣ гардонида, ба осони ба гурӯҳҳои ифротгароию террористи ҷалб менамоянд.
Пайравии ҷавонон ба ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки норасоии маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояги насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад.
Бинобар ин, мо аҳли ҷомеаро лозим аст, ҳушёри ва зиракиро аз даст надода, корҳои ташвиқу рарщиботиро дар байни ҷомеа пурзӯр намуда, аз мақсадҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротгаро наврасону ҷавононро огоҳ намоем.
То ки вақти пурқиммати худро бо самар истифода бурда, ба донишомӯзӣ ва касбомӯзӣ сарфа намоянд.

Мирзовалиева Садбарг директори МТМУ №99-и н.Рашт.

Ҳеҷ овозе нест