Пуштибонии САҲА аз ҲНИ

Ҳар мақолаи ашхоси ватандӯстро бар зидди хати ботили наҳзат, ба истилоҳе моли «фабрикаи ҷавоб» медонад. Ин маънои бохти комили иттилоотии ҳизби наҳзат аст, ки намояндагони «фабрикаи ҷавоб» хоби онҳоро ноором кардааст, ба рақиби сарсахти онҳо табдил дода шудааст. Мантиқи аъзои «фабрикаи ҷавоб» ба ҳама маълум аст. Агар монеи вопасгароӣ ва хурофот ҳар касе ҳаст ва онро рӯйи коғаз меорад, пас мо ҳама аъзои «фабрикаи ҷавобем». Агар нафароне дар ҷумҳурӣ, сулҳу субот ва оромӣ мехоҳанд ва тавассути қалам онро тараннум мекунад, пас ман ҳам аъзои «Фабрикаи ҷавобам». Касе эътиқод ба Худованд дорад, вале ба ҳеҷ вақт тангназар нест ва ҳизби диниро намепазирад ва режими муллогиро ба шарофати тоҷикӣ ор медонад, пас мисли мост, мо ҳама аъзои «фабрикаи ҷавобем». Агар «фабрика» ҷонибдори тамомияти арзӣ аст, вале наҳзат дар масоили сарҳадӣ минбари иттилоотии рақиб аст, пас мо ҳама фабрикаи ҷавобем. Агар «фабрика» фалсафаи вуҷудиаш аз ниёзу манфиати миллӣ иборат асту динро ҳамчун яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ мепазирад, вале онро калидӣ унвон намекунад, пас мо ҳама фабрикаи ҷавобем. Агар фабрика мехоҳад, ки ҳама корҳо бо роҳи мусолиматомез ҳалли худро ёбад ва фарзан аз ҷангу табаддулот безор аст, пас мо ҳама узви фабрикаем. 

Ҳар сол агар шумо дар ҷаласаи САҲА чун ангушти шашум иштирок мекунед ва обрӯи миллатро ба хости хориҷиҳо мерезонед, пас касе шуморо танқид мекунад, аъзои фабрикаи ҷавоб мебошад. Пас мо ҳама аъзои «фабрикаи ҷавобем». Агар аз хати Устод Айнӣ ҳифозат мекунем ва босмачиро душмани ин марзу бум медонем, пас мо ҳама аъзои фабрикаем. 
Агар сари иштироки наҳзат дар САҲА як ду сухан гуфта шавад, равост иқрор шуд, ки намояндагони ҳукумат бо як омодагии сазовор ба ин мулоқотҳо мераванд ва мушти обдори маънавӣ бар чеҳраи ношустаи наҳзат мезананд. Ин як аксиома ва ҳақиқати мутлақ аст, ки ҳизбе ки ҷойгоҳи дохилӣ надорад, пойгоҳи мардумӣ надорад, ҳеҷ вақт тарафи музокира қарор нахоҳад гирифт. Наҳзат дар Аврупо нест, вохӯрӣ бо муҳоҷироне доир мегардад, ки ба кундзеҳнии ақл тарки Ватан кардаанд.
Ҳамагон медонанд ва ба ҳеч кас пӯшида нест, ки ҷомеи Тоҷикистон мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз он ҷумла бекорӣ ва ифротгароии динӣ дорад. Аммо барои як инсони солимақл фаҳмост, ки ислоҳу тағйири ҷомеа кори якшаба нест. Барои ин вақт ва барномаи мушаххаси рушд лозим аст. Талаботе, ки ТЭТ ҲНИ дар ҷаласаҳои САҲА ҳар сол пеш мегузоранд, на дар доираи вақти муайян аст ва на дар заминаи барномаи рушд. Шахс ё гурӯҳе, ки ин ду талабот, яъне вақт ва барномаро сарфи назар мекунад, бо чӣ роҳи дигаре метавонад вазъиятро тағйир диҳад ва мушкилиҳои мавҷудаи ҷомеаро ислоҳ созад? Яъне наҳзат ҷанг мехоҳад. М.Садридин дар шеъраш эълон дошт, ки роҳи ягона ҷанг аст. Дар ин маврид паёми ҲНИ ба миллат ҷанги нави шаҳрвандӣ мебошад. Аз ин рӯ, касе мухоифи ҷанг аст, аъзои фабрика аст, пас мо аъзои “Фабрикаи ҷавобем”. Мо 10 млн.нафарем ба истиснои 21 нафар наҳзатӣ, ки ғайбатчин ва хабаркаши хориҷиҳои САҲА мебошанд, ҳама аъзои Фабрикаем.

М. Шукуров, таҳлилгар

Ҳеҷ овозе нест