Кӯдакфиребиро бо интернет одат накунед!

Касоне, ки ба фаҳмиши компутер дастрасӣ доранд, медонанд, ки дар он  туфайли самтҳои ҳархела номгузорӣ карда шуда, маводҳои зиёде рӯи чоп меоянд, ки мақсадашон фақат кам нишон додани дастовардҳои Тоҷикистон ва таъназанӣ ба садр ва роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи мамлакати мост. Таассуф, ки онҳо на аз миллати дигар, балки собиқ тоҷикистониёнеанд, ки дар давраи начандон дур ба мардум суде наоварда, музрим эътироф шудаанду гурезҷояшонро дар мамлакатҳои хориҷа ёфтаанд. Яъне, ин афрод онҳоеанд, ки худро шомил ба ҲНИТ ҳисобида пушту паноҳ ва маблаѓгузори дасисафӯрушиашонро маблаѓгузор ёфта.

Барои насли ҷавони имрӯза, ки таҷрибаи рӯзгор ва ба ду чашми сар дидаи ҳолати рӯи кор будани ҲНИТ-иён нестанд, ҳар навъ «нависандаи интернетӣ» боварибахшу дуруст муайяну қабул шуда, боиси нобоварӣ ба давлатамон шудан дорад, ки хатарзост. Аммо насли дидаи ҷанги шаҳрвандиро, ки дидаи кушторкориҳо, дар беҳокимият зистан, фақиру камбаѓалии даврони ҲНИТ-иён ва ҷиҳодиёнашонро дидаанд, фиребидан бо сухани интернетӣ кори осон  нест. Имрӯзҳо  мардуми бодониши Тоҷикистон  ба он инсонҳое боварӣ доранд, ки бунёдкоранд, созандаанд, афзункунандаи неъматҳои мамлакатанду бо забонашон не, балки бо қувваи дасту ѓайраташон нони ҳалол хӯрдан мехоҳанд.

Кас агар ба навиштаҳои журналистони интернетӣ (инҷо лаққи журналистонро дар назар дорам ё «занмиҷозони мардандом» мегуфтем беҳтар мешуд) диққат диҳад, гӯё тӯли даврони баъд аз сари давлат омадани  Президентамон суде ба ҷомеа надодаст. Дар асл ин хел нест. Фақат як назар ба сатҳи зисти мардум, ободгарии бунёдкорӣ ва рӯ ба замин овардани мардуми беҳ шудани шароитҳо кардан эҳсос мекунӣ, ки сафи душманони сарвару миллат ягон-ягон асту сафи тарафдорони давлат миллион-миллион. Касе аз гурусна мондан, нарасидани ин ё он навъи хӯрока танқисӣ намекашад, ба дилхоҳ мавзеи лозимааш озодона сафар мекунад, садои тир ким- кайҳо ҷояшро ба садои суруд ва мусиқӣ иваз кардааст. Мардум аз ким –кайҳои будан дар  истиқлолият ба моҳияти идеология ва мақсадҳои ҲНИТ-иёну думравони онҳо, инчунин ниятҳои  хоҷагони хориҷиашон сарфаҳм рафтаанд. Ва дигар ҳоҷат ба  шарҳдиҳии  ҳолат туфайли интернет намондааст.

Тоҷикон то ба давраи давлатдорӣ расидан азобҳои  алиме кашидаанд. Онҳо бедавлат ва ё дастнигари дигар халқҳо буданро намехоҳанд. Садсолаҳо ҷабр дида, нав соҳибдавлат шуданд. Парво аз  мароми ДИИШ надошта ба сухани мулло амал карданро пур аз бало ва гуноҳ меҳисобанд.

Эй аҳли эҷоди майдони «ҳарчӣ хоҳӣ, мегӯӣ» (интернет дар назар аст) чаро аз ҳарзагӯи даст намекашед, то майнаи инсонҳо ба  рӯзгор андармон аз шумо осояд.

Ба ҷои ин ҳама сухан аз боби дӯстии одамон, расидан ба қадри калонсолон ва тарбияи кӯдакон кунед намешавад.

Чаро кӯдакфиребиро тавассути интернет одат кардаед. Шарм намедоред?

                                                                                         А. Бобоҷон

Ҳеҷ овозе нест