ТЭТ ҲНИ. Ҳамкории террористӣ.

Ҳар кадом гурӯҳ мехоҳад дар кишвар ё минтақа лидери динӣ - сиёсӣ бошад ва кӯшиш дорад дар фазои динӣ - сиёсии кишвар ё минтақа яккатоз гардад. Вақте солҳои 90 - уми садаи XX ва ибтидои асри XXI дар Тоҷикистон «Ҳизб - ут - таҳрир» фаъол гардид, С. А. Нурӣ мавқеашро нисбат ба ин ҳизби ифротӣ чунин муайян карда буд: «Ман фикр мекунам, ки ин гурӯҳ аз ду нигоҳ дар Тоҷикистон ҳаққи амал кардан надорад: динӣ ва ҳуқуқӣ. Аз нигоҳи динӣ дар Тоҷикистон як ҳизби характери динидошта вуҷуд дорад ва ҳоҷат ба таъсис ва фаъолияти ҳизби дигар нест. Агар онҳо хоҳанд, метавонанд аз тариқи ҳизби мо фаъолияти сиёсӣ намоянд, модоме ки хилофи қонун ва оинномаи ҳизби мо набошад. Аммо аз нигоҳи ҳуқуқӣ онҳо ба қайд гирифта нашудаанд ва наметавонанд дар Тоҷикистон фаъолият кунанд. Муносибати мо бо онҳо ҳамчун ҳизби ғайриқонунӣ хоҳад буд». Имрӯз ин даъворо мо дар фаъолияти ҳаракати «Салафия» низ мушоҳида мекунем, ки ин ҳама аз ихтилофу муборизаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад ва ҳодисаи шаби 19 май инро собит сохт.

 Консепсияи иҷтимоӣ-сиёсии ин ҳизбу ҳаракатҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Масалан, «Давлати исломӣ», ки ҳаракатҳои «Салафия», «Ихвон - ул - муслимин», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷайши Муҳаммад» ва ғайраро дар худ муттаҳид сохтааст. Онҳо мехоҳанд низоми давлатдории шакли монархияи динӣ - хилофатро бунёд кунанд. ТТЭ ҲНИ бошад, хостори бун-ёди низоми давлатдории ҷумҳурӣ, вале ҷумҳурии исломӣ аст. Зиёда аз ин, пояи ақидавӣ – идеологии бунёди низоми давлатдории гурӯҳҳои бо ҳам зид дар фазои динӣ - сиёсии Тоҷикистон муборизакунанда низ гуногунанд. Ин ҷиддият онҳоро ба муқобили якдигар бармехезонад. Чунин ихтилоф имрӯз на танҳо дар ҳодисаи номбурда, инчунин, дар Афғонистон байни Толибон ва «Давлати исломӣ» ҷой дорад, ки боиси ихтилоф ва қатли ҳамдигар мегардад. 

Яке аз хусусиятҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо кӯшиш менамоянд, гурӯҳҳои дигарро тобеи худ созанд. Масалан, «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия кӯшиш кард, ҳамаи гурӯҳҳои сунниро ба худ ҷалб созад. Зеро «Давлати исломӣ» даъвои лидери ягонаи мусулмонон шуданро дорад. Бинобар он, даъвои наҳзатиҳо, ки лидери Тоҷикистон шудан доранд, ба талошҳои «Давлати исломӣ» (салафиҳо, таҳририҳо) мувофиқат намекунад ва онҳо дар худ таманнои ҳеҷ гуна созиш ва мусолиҳаро надоранд. Зеро яке аз принсипҳои асосии чи гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ва чи наҳзатиҳо «такфир» аст, ки аз «ихвонӣ» -ҳо иқтибос кардаанд. Ба ҳамон андозае, ки «Давлати исломӣ» наҳзатиҳоро «такфир» менамоянд, ба ҳамон андоза наҳзатиҳо «Давлати исломӣ» - ро такфир мекунанд. Аз ин нигоҳ, дар такя ба ин асл иттиҳоду оштии онҳо ғайриимкон аст. 

Ҳеҷ овозе нест