ҲАМКОРИИ КАБИРӢ ДАР САҲА

Чи хеле, ки дар шабакаҳои иҷтимоии интернет наворҳои як Паймони ба ном “милли” пахш гардидан, дидем, ки душманони миллат ва хоинони давлати мо дар шаҳри Варшава як ҳамоиши хандаовар доир намуданд. Ин хоинон ҳеҷ гоҳ ба максад намерасанд, чун дастбози фирефтаи бегонаҳо мешаванду халос. Аз гуфтаи Сатторов Айёмиддин ҳама гуноҳояшонро тарики видеоӣ фош карданд, аммо ба домуло Айёмиддин ягон посух яъне ҷовоб дода натавонистанд. Ҳамаи ин корҳои ТЭТ ҲНИ ин аз тарафи хоини миллат Муҳидини Кабирӣ мебошад. Дар ҳақиқат байни Домуло Айёмиддин , Абдурахим Каримов ва Муҳидин Кабири баъди Масхарапаймон дар Варшава суҳбат гузашт. Аз рафтору гуфтори аблаҳонаву масхарабозии сиёсии Кабирӣ маълум гардид, ки ин ҳама найрангбозиҳои дасти хиёнаткор- Кабирӣ будааст. Ин палидаки сиёсӣ бо афкори ҳаромаш дар яке аз ҷаласаҳои САҲА дар Варшава ҳамроҳи чанд думраваконаш бар зидди Тоҷикистони озод, ки имрӯз хеле зебо ва соҳибистиқлол аст «загавор» ташкил карда будааст.

Аҷабам омад, ки ин се фарди бегонаи миллати тоҷик Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Илҳом Ёқубов дар ибтидо бо Кабирии гурсухта якҷоя будаанд. Алҳол ба гуруҳҳо ҷудо шудаанд. Имрӯз компромис бастаанд ва мехоҳанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол амалҳои терористию ифротгароиро роҳандозӣ кунанд. Имрӯз Тоҷикистониён аз амалҳои нопоки онҳо ба хуби огоҳанд. Ҳеҷ гоҳ фирефтаи душманони кишвар нахоҳанд шуд. Зиндагӣ ва таърихи инсоният исбот кардааст, ки бо террору ифрот кассе ғолиб наомадааст, балки террорист ҳаром мурдааст, чун ки вай дин, мазҳаб, миллат ва Ватан надорад.

Агар ба таърихчаи сиёҳи наҳзатиён назар кунем, фаъолияташон нахуст ҳамчун мусичаи бегуноҳ аз мағзшуии ҷавонон оғоз гардида, баъдан ба қатлу куштор ва террори мардуми бегуноҳ анҷомид. Инак, пас аз муддате дар пушти пардаҳо машқи террор кардан, боз ба саҳнаи ҳангомаҳо ворид гардид. Хусусан, пас аз таъсисёбии ДИИШ сиёсати террористии наҳзатиён боз ҳам фаъол гардид. Наҳзатиён аз ғалабаҳои муваққатии гуруҳи террористии “Ихвонулмуслимин” дар Миср ва ДИИШ дар Ироқу Сурия рӯҳбаланд гардида, дар Тоҷикистон амалиётҳои нопоки худро боз ҳам фаъолтар намуд. Дар баробари як қатор ҳодисаву воқеаҳо, аз ҷумла кӯшишӣ табадулоти ҳарбӣ, имсол воқеаҳои нангини дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб рух дода, ки наҳзатиён содир намуданд, боиси тааҷӯби мардуми кишвар гардид.

Айни замон бошад, онҳо аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон интиқол дода шудаанд, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. ТЭТ ҲНИ низ талош дорад дигарбора бо пуштибонии охундҳои мутаассиби Эрон, ки бадхоҳони аслии тамаддуни ориёнаҷодон ва душманони халқҳои Тоҷикистон мебошанд, дигарбора мехоҳанд суботу оромии Ватани биҳиштосои моро барҳам зананд. Ҳамчунин, дар самти тақвият додани ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динию дунявӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳи додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти тероризму экстремизмӣ динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурустӣ оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба машғулиятҳои лозими метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намоянд.

 

Ҳеҷ овозе нест