Хабари Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пан, 02/07/2019 - 22:48Маркази матбуотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ аризаи маҳкумшуда - шаҳрванд Сайид Қиёмиддини Ғозиро баррасӣ карда, 29 январи соли 2019 муҳлати ҷазои ӯ 18 сол ихтисор ва аз 25 ба 7 сол расонида шуд.
Қарори мазкур бинобар сидқан пушаймон шудани Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аз кирдорҳои содирнамудаи худ, мусоидат дар ошкор сохтани як қатор ҷиноятҳои вазнин ва фош кардани ашхоси ба ин ҷиноятҳо алоқаманд қабул шуда, ба ҳукми Суди шаҳри Душанбе дар қисми таъини ҷазо тағйирот ворид гардид.