Activities calendar

24 Март 2019

ИДЕЯИ ДАВЛАТИ ТЕОКРАТӢ – ИДЕЯИ БУНБАСТӢ

Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи ХХ оғоз гардида буд ва ин раванд то имрӯз идома дошта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ-мазҳабӣ сурат мегирад.

Ҳеҷ овозе нест

Наврӯз ва ифротгароӣ

Наврӯз оғози фасли баҳор ва соли нави миллии мардуми тоҷик мебошад. Бо фаро расидани Наврӯз тамоми наботот аз нав ҷон гирифта, рушду нумӯъ мекунанд ва табиат пас аз хоби зимистонӣ дубора эҳё машавад. Наврӯз аз ҳар чизи сохтаву бофта, дурӯғу буҳтон ва қалбакӣ орӣ асту ҳазар дорад.

Зеро медонад, ки чизҳои сохтаву бофта ва қалбакӣ дер давом намекунанд ва рӯзе ошкор шуда, соҳибашро шармсор месозанд. Ин аст, бузургии ҷашни байналхалқии Наврӯз, ки худ табиист ва табиӣ буданро ба одамон меомӯзад.

Миёна: 1 (1 vote)

Наврӯз

  Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии  мардуми тоҷиктабор ва як қатор кишварҳоест, ки дар фарҳангу тамаддунашон инсонсолорӣ ва зиндагидӯстист. Ин  ҷашни куҳансол ба навиштаи муҳаққиқон таърихи на камтар аз шаш ҳазорсола дорад. Наврӯз, ҷашни ҷаҳонӣ аст, зеро рӯзи шодмонии замин, осмону офтоб, шукуфтанҳост.

Наврӯз мардумро аз зери сақфҳо, дарҳои баста, фазоҳои хафа ба домани озод ва бекаронаи табиат мекашонад. Наврӯз рўзи 21-уми март фаро мерасад ва дар ҳамаи кишварҳои тоҷиктабор ва дигар кишварҳои олам таҷлил мешавад. Наврӯз воқеан ҷашни хурсандию ободӣ ва таваллуди зиндагист.

Ҳеҷ овозе нест

Наврӯз - ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ

Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёкони мо тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад.

Ҳеҷ овозе нест