ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ. УМУМИЯТ ВА ФАРҚИЯТҲО
Сеш, 09/03/2019 - 08:13Муноқиша ва задухӯрди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ - сиёсии ифротӣ дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат, ки боиси марги 32 нафар гардид, ҳеҷ кадом шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Ин ҳодисаи мудҳиш мавриди ғаму андуҳи тоҷикистониён қарор гирифт. Вале ин ҳодиса дар биниши шаҳрвандон фаҳмишҳои мухталифро ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносон низ ба таври гуногун баррасӣ гардид.