Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад
Ҷум, 01/10/2020 - 14:15ДУШАНБЕ, 10.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 9-уми январи соли 2020 гурӯҳи калони сокинони маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканди ҶҚ, ки бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ буданд, дар назди хонаи сокини маҳаллӣ Абдулаев Султанбек Исмаилович ва бинои Шуъбаи минтақавии корҳои дохилии Коктош ҷамъ омада, барои аз роҳи деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара гузаштани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон монеа эҷод карданд.