ДЕЛИМИТАТСИЯИ ВОРУХ
Сеш, 03/30/2021 - 13:06
Ҷониби Қирғизистон барои ҳал шудани баҳсҳои марзӣ ба мақомоти Тоҷикистон ду шарт пешниҳод намудааст, хабар медиҳад АКИprees бо истинод ба раиси КДАМ Қамчибек Тошиев. Манбаъ меафзояд, ду пешниҳодро мақомдорони қирғиз аснои музокироти дурӯза, ки дар Тоҷикистон сурат гирифта буд, ироа карданд ва аммо ҳоло ягон посухро аз ҷониби ҳамтоёни тоҷики худ дарёфт накардаанд.
Аз пешниҳод шудани ду шарт ба мақомоти Тоҷикистон, рӯзи 26 март, раиси КДАМ Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек зимни як нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ мегӯяд, масъалаи асосӣ сари Ворух аст.