БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАНД...
Душ, 09/05/2022 - 18:18ВОКУНИШ. Аз тариқи васоити ахбори омма, интернет вақтои охир мешунавем, ки масъулини ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва думравони онҳо зимни мусоҳибаҳову нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳҳои сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Ватани азизи мо муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор доданӣ мешаванд, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чамбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард.