Activities calendar

29 Июл 2024

ДАСТГИРИИ ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДАИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР ДЕҲАИ СУРХОБ

Бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки аз деҳаи Сурхоб  рузи 25 майи соли 2024 дар натиҷаи боридани боронҳои сел ва  офати табиӣ зарар дидаанд кӯмакҳои башардӯстона расонида шуд.  Кумакҳо барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ буда, аз қабили семент, арматура, тахта чанд андоза, мавод барои таҳкурсии хонаҳоро бунёд кардан (сангу шағал), қолабҳои тахтагин (ДСП лист), хишт, мехҳои андозаҳои гуногун, як микдор маблағи пулӣ ва дигар маводҳо иборат буда, ба сокинон дастрас карда шуданд.

Ҳеҷ овозе нест

Аксияи умуминоҳиявӣ: “Тозагии маҳал”

Дар доираи ба иҷро расонидани банди 99-уми протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷиистон аз 24-уми январи соли 2024 №1 вобаста ба таъмини тозаиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кўчаву хиёбонҳо то манзилҳои истиққоматии ҳар як оила дар маркази шаҳраки Фархор аксияи «Тозагии маҳал»  гузаронида шуд.  Дар ҷараёни аксияи мазкур ҳайъати васеи сокинону фаъолони ноҳия, масъулини  ташкилоту муассисаҳо ба ҳашари дастаҷамъона баромада, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, хиёбони марказӣ, гулгаштҳои кучаҳои Лангариев, С.Сафаров, И.Сомонӣ, атрофи варзишгоҳи марказии ноҳия, шоҳроҳҳои асосии ш

Ҳеҷ овозе нест