ТО БИТВОНӢ, ЗИЁРАТИ ДИЛҲО КУН
Пан, 10/08/2026 - 13:41Солҳое, ки ман дар Рӯшон кор мекардам, як нимирӯзӣ ба ошхонаи болои дарёчаи Вомар, ки хеле мавзеи гуворо ва хушбоду ҳаво буд, рафтам. Ногаҳ дар долони он ба як мӯйсафеди нуроние вохӯрдам, ки аксашро дар китобҳо ва суханрониашро аз телевизион дидаву шунида будам. Ин одам тақрибан шасту панҷ - ҳафтодсола менамуд. Либосҳои сайёҳии тозаву озода дошт. Абрувони ба ҷавонӣ бовафомондаи сиёҳ, қадду басти ба синну солаш нигоҳ накарда рост, бардаму бақувват, нигоҳҳои омӯзанда ва боандеша салобати ин шахси дар ноҳияи дурдасти кӯҳистон фавқулодаро фарқкунанда нишон медоданд.






