Боз як найранги САҲА дар нишасти наваш

Санаи 16 сентябри соли 2019 дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон Анҷумани солонаи САҲА ба кори худ оғоз кард. Дар ҷаласаҳои САҲА бо шумули давлатҳои аъзо вақтҳои охир гурӯҳҳои террористӣ-экстримистӣ низ роҳ меёбанд, ки ин гувоҳи духурагии сиёсати ин созмонро бозгӯ мекунад. Аз ҷумла созмонҳои зертобеъи ташкилоти террористӣ-экстримистии наҳзати исломӣ ба монанди “Паймони миллӣ”, Гурӯҳи 24 ва ғайраҳо иштирок ва баромад намуданд.

Тамоми давлатҳои олам ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби экстремистиву террористи эътироф кардаанд, бинобар ин сабаб шумо ин ҳизбро номашро дигар карда, ПМТ ном мондед. Нияту мақсади ҲНИ ва ПМТ як чиз аст, несту нобуд кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва низоми дунявӣ ва сохтани давлати исломӣ ва ҳамчунини бар сари қудрат омадани шумо. Барои амалишавии ин ниятҳои нопоки худ шумо чи қадар дуруғу туҳмат мезанед, ки гуё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдаи идораи кишвар намебаромада бошанд. Агар муваффақиятҳои соҳибистиқлолиро пеши назар биёрем.

Ба гуфти Муҳиддин Кабирӣ ва шогирдонаш гӯё Паимони миллии Тоҷикистон созмони миллӣ буда, ормонҳои миллӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони тоҷикистонро ҳифз мекарда бошад. Шумо дар давлатҳои аврупоӣ зиндагӣ карда, чихел ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони тоҷикистонро муҳофизат мекунед? Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аз тарафи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва органҳои ҳифзи ҳуқуқ хело хуб муҳофизат карда шуда истодаанд, мардуми Тоҷикистон зарурат ба кӯмаки ҳеҷ як созмон ё гурӯҳи аз хориҷ идорашаванда ниёз надорад.

Мувофиқи гуфтаҳои шумо Паймони миллии Тоҷикистон ташкилоте мебошад, ки манфиатҳои миллиро бояд ҳифз намояд. Оё ягон манфиати миллиро шумо ҳимоя мекунед аз гуфтаҳои роҳбарияти ПМТ бармеояд, ки онҳо ният ба сари қудрат доранд. Бас нест, ки ҲНИ , ки ҳоло ПМТ шудааст, як маротиб бар сари қудрат омада 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қатл расонида буд. Акнун боз нияти ба сари қудрат омадан доред, ки ин нияти шумо ба несту нобуд кардани садҳо ҳазор одамони бегуноҳ амали мешавад.

Маҳз бо шарофати роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ барқарор гашта, тамоми мардуми тоҷику тоҷикистонӣ ба корҳои ободонию созандагӣ машғул гардида истодаанд. Ҳамаи он харобкорию вайронаҳое, ки шумо дар соли 1992 то соли 1997 ва ин ҷониб кардаед дар зери роҳбарии дурандешонаву хирадмандона ва созандаю бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ бартараф карда шудаанд. Дар давоми 28 соли Истиқлолият Тоҷикистон ба як давлати амн ва ру ба инкишоф табдил ёфтааст.

Миёна: 6 (1 vote)