СИРКАИ АВБОШОНИ БАДАХШОН

Алим Шерзамонов – сиркаи авбошони Бадахшон. Ҳоло ба ҳайси муовини “Паймони миллӣ”, ки аз тарафи аъзоёни ТЭТ ҲНИ ташкил шудааст, фаъолият дорад. Алим Шерзамонов дар айёми пириаш оила ва корро партофта, аз бонкҳо қарздор шуда, ба Аврупо рафта дар он ҷо худро ҳамчун гуреза макон кардааст. Ӯ акнун дар онҷо ба таҳқиру депорт нигоҳ накарда, худро муовини Кабирӣ тарошидааст. Ӯ акнун аз дӯр рафта барои ҳифзу ҳимояи авбошони ҳаммаслаконаш, ки аз ӯ дур мондаанд, чораҳо ҷуста, худашро дар назди наздиконаш “Озодандеш” номидааст.

Ӯ собиқ активисти соқиал-демократ, солҳои 2015 аз Бонки хурде ба маблағи 90 000 сомонӣ, соли 2016 аз филиали Амонатбанк ба маблағи 5000 сомонӣ ва соли 2017 аз бонки кредитии “Мадина-К” 3061 сомонӣ қарздор аст. Маблағи умумии қарзҳояш 130967 сомониро ташкил медиҳад.

Вақте, ки Алим Шерзамонов  дар Бадахшон дар ғуттаи қарз зад, ӯ танҳо роҳи наҷот мекофт. Ниҳоят Кабирӣ аз аҳволи ӯ бохабар шуда ӯро ба Аврупо ба назди худ даъват кард ва ӯро ҷонишини худ таъин кард. Акнун Кабирӣ барои Алим як доҳӣ ба ҳисоб меравад. Чунки ягона роҳи наҷоташро тавонист роҳнамоӣ созад.

Моҳи декабри соли 2014 яке аз собиқ қумандоҳои оппозитсиони тоҷик, Муҳаммадбокир Муҳаммадбокиров, зодаи Хоруғ, як афсари мақомотиро захмдор намуда буд. Баъди ин моҷаро мақомотҳои низомӣ дар маҳалаи Бархоруғ бояд бинои ҳифзи ҳуқуқро месохтанд. Аммо мардуми маҳалла аз ин хабардор шуда, бо норозигӣ гирди ин бино ҷамъ омаданд. Он вақт Алим Шерзамонов роҳбари ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон буд. Ӯ иброз дошт, ки дар ин қитъаи замин бояд майдончаи варзишӣ ва театр бояд сохта мешуд. Ӯ фитнаро дар дили мардум андохт ва мардуми аз чунин сиёсатҳо бехабарро дар назди ин бино ҷамъ  намуданд.

Албатта, амалҳои Алим Шерзамонов аз аввал маълум буд ва ӯ ҳамчун роҳбари як ҳизб метавонист тарафдори мақомотӣ бошаду ба сӯи авбошон садо баланд намояд. Аммо баръакс, яке аз тарафдорони гурӯҳҳои муташшакили ҷиноӣ дар Бадахшон мебошад.  Гурӯҳҳои ҷиноӣ хомушии ин гуна роҳбаронро дида сар бардоштанд.

Ҳоло бошад Алим Шерзамонов ҳамроҳи хоинон - Кабирию Шарофидин Гадоев ва дигарон худро дар арсаи сиёсӣ ҳамчун Озодандешони тоҷик маъруфу машҳур кардааст.

 

Тоҷиддин, омӯзгор.

Миёна: 6 (1 vote)