САҲА ҲНИ-ро огоҳӣ дод

Баъди анҷоми нишасти САҲА дар Варшава маълум гашт, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз баромаду рафторҳои беадабонаашон аз тарафи намояндагону модераторони ин нишаст якчанд бор таҳти таъкиду сарзаниш қарор гирифтанд.  Он чи ки дар ҷараёни баргузории ҷаласа мушоҳида шуд, баёнгари он аст, ки ҲНИ дар воқеъ, дар Аврупо ҳам ба унвони як ташкилоти тахрибкор эътироф гардидааст ва чанде аз ин мушоҳидаҳоро зикр месозем:

1. Масъулони САҲА дар рафти ҷаласа намояндагони ТТЭ ҲНИ - ро маҳз барои бетартибӣ (аксбардориҳои беиҷозат, гуфтугӯи баланди байниҳамдигарӣ, бемаврид иваз кардани ҷойи нишасти худ, банд кардани ҷои нишасти намояндагони дигар кишварҳо) аз толор берун карданд.

2. Маҳз барои пешгирӣ аз рафтори бадахлоқонаи наҳзатиҳо ODIHR – Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ки масъули ташкили ин конфронс аст, дар муқаррароти баргузории ҷаласа тағйирот ҷорӣ кард. Аз ҷумла, Кодекси рафтор қабул шуд, ки ташкили намоишҳои эътирозӣ, пикет ва раҳпаймоиҳоро иҷозат намедиҳад, ё маҳдуд мекунад. Баъди ин, наҳзатиҳо бо гирифтани огоҳӣ ба толор баргаштанд ва дар ҳолати такрор минбаъд умуман ба ҷаласа роҳ дода намешаванд.
3. Ҳангоми баромадҳои Шарофиддин Гадоев, Сайдалӣ Ашӯров, Илҳомҷон Ёқубов, Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, ки ҳама суханҳои якдигарро такрор карда, тартиб додани рӯйхати ба истилоҳ “Магнитский”, ҷорӣ кардани таҳримот нисбат ба мансабдорони сатҳи болоии Ҳукумати Тоҷикистон, “таъқиб шудани худашону дигарандешон”, набудани озодии баён ва ғайраро аз ҷониби мақомот иброз медоштанд, модератори ҷаласа, чандин маротиба ҳарфи онҳоро бурида, талаб кард, ки “нисбат ба ҳукумат зиёдагӯӣ ва муболиға накунед”, “бо далелҳои воқеӣ сухан кунед”.
4. Вақте худи Кабирӣ мехост таваҷҷуҳи ҷаласаро ба теракт дар Данғара нисбат ба сайёҳони хориҷӣ ҷалб кунад ва таҳқиқи қазияро аз нав тақозо кард, модератори ҷаласа ошкоро сухани ӯро бурид ва таъкид кард, ки “мавзӯи баҳс дигар аст ва аз он берун наравад”.
5. Дар ҷараёни баҳсу баррасиҳо маълум гардид, ки САҲА фиреби дигари наҳзатиҳоро низ фаҳмидааст. Бархе масъулони ин созмон ишора карданд, ки ба ном эътилофи “Паймони миллии Тоҷикистон”дар асл, ин ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, ки бо иваз кардани ном дар дигар шакл зуҳур кард. Яъне, ҳамаи ба ном се созмоне, ки ба ҲНИ пайвастаанд, аслан, аз ҷониби наҳзатиҳои пешин таъсис ёфтаву ба қайд гирифта шудаанд.

         Умуман ҳаминаш кофист, ки дигар касе ба афсонаҳои ҲНИ бовар намекунад. Охирин созмоне, ки ин ташкилоти террористӣ ба унвони “даргоҳи умед” муносибат мекард, САҲА буд, ки ҳамакнун дида мешавад, воқеияти будани ҲНИ дар Аврупо ва муроҷиату дархостҳояш ба ин созмонро дарк кардааст.

         Аммо шубҳанокаш он аст, ки оё САҲА дар ҳақиқат ТЭТ ҲНИ-ро сарзаниш кард, ё ин ки ин сенарияи сохташудаи худи онҳост?

Тоҷиддин, омӯзгор.
 

Ҳеҷ овозе нест