ВАЗЪИ МАРЗИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР ҲАФТАИ СИПАРӢ

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд. Панҷ сол пеш даҳҳо моҷароҳои марзӣ дар байни сокинони ду кишвар боис ба кушта шудани дастикам чаҳор нафар шуд.

Мақомоти маҳаллӣ аз ҳарду тараф ҳам мегӯянд, то замоне ки мушкили аломатгузории марз ҳал нашавад, даъвоҳо барои дастрасӣ ба манобеи об, замину роҳ ва чарогоҳҳоро хотима намеёбад. Решаи мушкилот дар мавқеи ҷонибҳо аст, ки як кишвар ба харитаи солҳои 1920-ум ва ҷониби дигар ба харитаи сарҳадии солҳои 1950-ум такя мекунад.

Боиси нигаронӣ аст, ки вақтҳои охир шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон, бо истифодаи ярок ва ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод карда истодаанд.

Бегоҳии рӯзи 10-уми январи соли 2020, сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканди Ҷумҳурии Тоҷикистон — Нарзиев Сайдалӣ аз боми манзили истиқоматии худ санг партофта, тирезаи нонвойхонаи маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати Чоркуҳи н. Исафараро шикастааст. Нимаи шаби 11-уми январи соли 2020 сокинони ҳамин маҳаллаи Коктош бо мақсади тарсонидани сокинони маҳаллаи Сомониёни ш.Исфара, аз силоҳи шикорӣ қариб 15 маротиба ба ҳаво тир холӣ карданд. Дар ҳамин соатҳо гурӯҳи дигаре аз қиризҳо  манзили истиқоматии сокини маҳаллаи Сомониён Насриддинов Давлатбой Ҳасанбоевичро сангборон намуда, аз яроқи шикорӣ ба дарвозаи ӯ тир холӣ карданд. Бо дахолати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонони ҳарду ҷониб, амалҳои иғвогаронаи сокинони маҳаллаи Коктош сари вақт қатъ карда шуд. Ҷониби қирғиз ба ин нигоҳ накарда ними шаб аз силоҳи шикорӣ 7 маротиба ва аз субҳи ҳамон рӯз аз силоҳи оташфишони автомати Калашников қариб 9 маротиба ба ҳаво тир холӣ карданд.

Нимаи рӯзи 11.01.2020 сол сокини деҳаи Муъминободи ҷамоати деҳоти Чоркўҳи шаҳри Исфара Аҷобиддинзода Фарҳодҷон соли таваллудаш 1992, бо автомашинаи тамғаи “Портер” аз байни деҳаи Коктоши ҷамоти деҳоти Оқсой ЧК ба самти деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркўҳи ЧТ харакат мекунад, ки дар он ҷо низомиён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ҷамъ шуда буданд. 14-15 нафари сокинони деҳаи Коктош дигар дар якҷоягӣ бо сарҳадбонон ва милитсияи қирғиз автомашинаи ўро иҳота намуда, бо санг шишаи пеш ва дари тарафи ронандаро шикаста, Аҷобиддинзода Фарҳодҷонро сангборон кардаанд. Дар асари ин сангпартоӣ ў зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Худи ҳамон лаҳзаҳо гурӯҳи мазкур микроавтобуси тамғаи “Спринтер, ки ба сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Юсупов Яъкуб тааллуқ дорад, сангборон намуданд.

Айни замон тирпарронӣ қатъ гардида аст ва вазъият дар минтақа таҳти назорат қарор дорад.

 

Алихон Хидиров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест