ВАЗЪ ДАР САРҲАД НАҒЗ ШУДА ИСТОДААСТ

Соли 2019 вазъият дар қисматҳои шимоли Тоҷикистон, дар вилояти Суғд ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳадӣ дорад, хеле мураккаб гашта буд. Тибқи иттилоъҳои расмӣ дар соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро кушта ва зиёда аз 60 нафарро захмӣ ба ҷой гузоштааст. Баъди ҳар як муноқишаҳои сарҳадӣ намояндагону роҳбарони ҳардуи мамлакат вохуриву гуфтушунидҳо ба ҷо меоварданд.

Дар даҳаи аввали моҳи январ низ як-ду маротиба қонуншиканиҳо байни ин ду миллат ба назар гирифта шуд.

Ниҳоят санаи 24-01-2020  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом дода буд.  Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

  • ин зимн ба масъалаҳои делимитатсияи хатти сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода дар асоси доимӣ идома дода шавад.

 

Алихон Хидиров, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест