ФИТНАҲОИ ДАЛЕР ШАРИФОВ

Матлабҳои Далер Шарифов - рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик барои ташхис феълан мавриди омӯзиш қарор доранд. Шарипов Далерҷон Абдуманноновичсоли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.  Далер Шарифов қаблан дар телевизиони давлатии “Сафина” кор мекард ва солҳои охир ба иттилои наздиконаш ба далели мушкили пайдо кардани кори доимӣ дар ВАО, баробари ҳамкорӣ бо расонаҳо ба кишоварзию китобфурӯшӣ машғул буд. Ӯ дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо нашри як изҳорот шеваи боздошт ва муносибати мақомотро дар қазияи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ғайри қобили қабул хонда буданд. Мақомоти тафтишотӣ рӯзноманигорро бо иттиҳоми пешбининамудаи қисми 1 модаи 189 Кодекси ҷиноии ҶТ (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) гумонбар медонанд.

Қисми зиёде аз хабарнигорон ва блогнигорони тоҷик боздошти рӯзноманигор Далер Шариповро маҳкум карда, қарори ҳабси пешакии ӯро ғайриқонунӣ ва беадолатона медонад. “Мо бар онем, ки ягон асос ва зарурат барои ба ҳабс гирифтани журналист мавҷуд нест. Ӯ имкони таъсиррасонӣ ба раванди тафтишоти амниятӣ ва берун шудан аз кишварро надошт. Бар замми ин садҳо тан аз фаъолони ҷамъиятӣ омода буданд ва ҳастанд, ки кафили рӯзноманигор бошанд.” – чунин даъво доранд баъзе аз рузноманигорон.

Далер Шарифов ки аз сои 2013 инҷониб бо сиёсати Тоҷикистон ошно гардидааст. Аммо бо чи сабаб матлабу маводҳоеро ки бба қавли дигар мазмунҳои барангехтани кинаву адоват ва фитна дорад, пинҳонӣ рӯи чоп меорад? Ба иттилои мақомот Далер Шарифов моҳи июни соли 2019 рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.

Вадудов Т, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест