МАСЪАЛАИ МАРЗ БО РОҲИ ДИПЛОМАТӢ
Моҳи сипаригашта намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар робита ба сар задани муноқишаи дар марз гуфтугӯ анҷом дода буданд. Мақомотҳои иҷроияи маҳалӣ, масъулони ВКД ва додситонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳалли масоили марзӣ ба тавофуқ расида ббуданд. Онҳо дар маҳалаи Кочо-бойи вилояти Ботканд дидору гуфтугӯ намуданд. Дар ин вохӯр тарафҳо таъкид намуданд, ки барои истиқрори сулҳ дар минтақаҳои марзӣ бояд миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои муштарак, ҳам миёни мардум ва ҳам миёни марзбонон, сурат бигирад. Инчунин, тасмим гирифта шуд, ки дар минтақаҳои марзӣ дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб карда шавад. Ҳоло мақомоти қудратии ду кишвар дар низоми пурзур хизмат доранд. Дар маҷмӯъ намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳолии ҳозир, вазъ дар марзро мӯътадил медонанд.
Ҳафтаи сипаригашта бошад Жениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон дар нишасти Кумитаи умури амният ва дифои Парлумони Қирғизистон таъкид кардааст, ки масъалаи ивази ду минтақаи маълумшуда дар дидор бо ҳайати музокиракунандаи марзии Тоҷикистон пешниҳод хуоҳад хаҳад шуд. Ба гуфтаи вай, ин мавзӯъ дар дидор бо ҳайати музокиракунандаи марзии Тоҷикистон, ки имрӯз 22 январи соли равон дар Бишкек баргузор мешавад, баррасӣ хоҳад шуд. Жениш Раззоқов таъкид кардааст, манотиқи Ариқ-Аста дар рустои Оқсой ва Самарқандак дар рустои Самарқандаки ноҳияи Ботканд бо тавофуқ бо тарафи Тоҷикистон иваз хоҳад шуд. “Ин кор масири ҳаракати атбои қирғиз ва тоҷикро мустақим мекунад ва ниёзе барои вуруди онон ба қаламрави кишварҳои якдигар боқӣ намемонад”, - гуфт вай. Ҳамзамон, ба гуфтаи Муовини нахуствазири Қирғизистон, тарафҳо бар сари аломатгузории 114 километр аз марзи муштарак бо Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд.
Тибқи маълумотҳои хабарӣ ҳоло кори комиссияи салоҳиятдори ду ҷониб таҳти роҳбарии Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон ва Жениш Раззоқов, муовини сарвазири Қирғизистон дар марз идома дорад. Дар пешбурди кори Комиссияи муайян ва аломатгузории марз аз тарафи Тоҷикистон ба ҳисоби Азим Иброҳим 18 нафари дигар шомил ҳастанд ва ҷониби Қирғизистон низ ба ҷуз муовини сарвазир Раззоқов, шумори ашхоси лозимро ҷалб намудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода – раиси виллояҷти Суғд таъкид намуда аст, ки “Ман боварии комил дорам, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ин масъалаҳо бо роҳи дипломатӣ ва баробарарзиш ҳал мешаванд. Мо имрӯз ягон ваҷаб замини худро бе асос ба ягон кас намедиҳем. Ворух анклав нест ва масъалаҳои тақсими марз дар доираи гуфтушуниди ҷонибҳо ҳал карда мешавад”.
Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол 987 километр марзи муштарак доранд. Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзҳо, ки соли 2001 ду кишвар эҷод карданд, танҳо соли 2013 тавонист 520 километри марзро дар қисматҳои баландкӯҳ тасбит кунад. Бақия 467 километри он ба вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рост меояд, ки то ба ҳол муайян нашудааст. Ҳайатҳои ду кишвар дар Исфара ҳоло тасмим гирифтаанд дар қадами аввал 114 километри онро дар қисматҳои Самарқандак ва Кӯктош (ҳамсоя бо Сомониёни Исфара) таъйин ва аломатгузорӣ кунанд ва ин ба ба он маъност, ки кори 353 километри дигар, бахусус минтақаи Ворух ба баъд афтодааст.
Масъалаи тақсими марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи кори комиссияи ду ҷониба бо роҳи дипломатӣ ва ҳамчунин баробарарзиш ҳал карда хоҳад шуд.
Лутфулои Мирализод, омӯзгор