Вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Хутан
Чор, 07/09/2025 - 17:48Имрӯз, 9 июл дар деҳаи Дарёбоди Ҷамоати деҳоти Хутан вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо сокинони ҷамоати мазкур доир гардид. Нахуст, Анзурат Абдусаломзода аз татбиқи ҳадафҳои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Фархор ёдовар шуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматкаши ноҳияи Фархор бо меҳнати софдилонаву содиқона дар пешрафти давлату ҷомеа саҳми босазо доранд.