Аксияи умуминоҳияӣ “Тозагии маҳал”

Дар доираи иҷрои барќияи Раиси вилояти Хатлон санаи  5-уми июли соли 2025 аксияи «Тозагии мањал» дар нохияи Фархор гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксияи мазкур хайъати васеи сокинону фаъолони ноҳия, масъулини ташкилоту муассисаҳо ба ҳашари дастаҷамъона баромада, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, хиёбони марказӣ, гулгаштҳои кучаҳои Лангариев, С.Сафаров, И.Сомонӣ, атрофи варзишгоҳи марказии ноҳия, шоҳроҳҳои асосии шаҳраки Фархор, деҳаву маҳаллаҳо, ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва гирду атрофи биноҳои корию маъмуриро тозаву озода намуданд. Зимни баргузории аксияи “Тозагии маҳал” гулҳои нинонида шуда аз алафҳои худруй тоза карда шуда, атрофи дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ низ нарм ва тоза карда шудаанд. Ҳамзамон бобати пешгирии ҳашаротҳои заррарасон ба дарахтҳои ороишӣ ҳамешасабз заҳрхимикатҳо пошида шуд. Инчунин, иштирокдорони аксияи зикрёфта роҳраву кучаҳоро аз партовҳои гуногун тозаву озода намуда, дар ҷойҳои махсуси партовпартоӣ гузоштанд. Мавриди зикр аст, ки чунин аксияҳои тозагӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён дорад.

Ҳеҷ овозе нест