Вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Хутан

         Имрӯз, 9 июл дар деҳаи Дарёбоди Ҷамоати деҳоти Хутан вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат бо сокинони ҷамоати мазкур доир гардид. Нахуст, Анзурат Абдусаломзода аз татбиқи ҳадафҳои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Фархор ёдовар шуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматкаши ноҳияи Фархор бо меҳнати софдилонаву содиқона дар пешрафти давлату ҷомеа саҳми босазо доранд. Ҳамин аст, ки дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия корҳои созандагиву ободонӣ бо маром идома доранд. Симои маркази ноҳия - шаҳраки Фархор ҳам хеле зебову дилрабо гаштааст. Сипас, Абдусаломзода Анзурат аз ҷинояте, ки сокини деҳаи Дарёбод Мадина Ҳалимова содир кардаасту чор фарзанди масъуми худро ба дарёи Сурхоб партофта ба ҳалокат расонидааст, изҳори нигаронӣ карда, ин ҳодисаро ҳамчун амали нангину нафратовар маҳкум карда, таъкид карданд, ки зан – модари тоҷик ҳеҷ гоҳ бадбахтии фарзанди худро намехоҳад.                                                                                                                                                      1752063556180_3.jpg- Ҷомеа бояд ба чунин шахсони кутоҳандеш пайваста дар мубориза бошанд, - гуфт Анзурат Абдусаломзода. Дар идомаи мулоқот таъкид гардид, ки аҳли ҷомеа, махсусан насли калонсол, омӯзгорону шахсони баруманди ноҳия ба ҷавонон раҳнамову раҳкушо бошанд ва ҳамеша барои мустаҳкам намудану қавӣ гардонидани иродаи онҳо кушиш ба харҷ диҳанд .Зеро дар зиндагӣ хоҳу нохоҳ ба душвориҳо дучор мешавем ва бояд аз рӯи ақл кор гирифта бо сабру таҳаммул бошем. Қайд карда шуд, ки фаро гирифтани наврасон ба таълими ғайрирасмии динӣ ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ мемонад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                            1752063556187_0.jpgДар ин самт 54 нафар дар вилоят ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. -Тибқи қонунҳои амалкунанда танҳо падару модарон метавонанд бо хоҳиши худ ба фарзанд таълими динӣ диҳанд, - гуфт Абдусаломзода Анзурат. Муовини раиси вилояти Хатлон аз афзудани ҷиноят миёни ноболиғон низ изҳори нигаронӣ карданд. -Тибқи маълумотҳо дар ноҳияи Фархор аз тарафи ноболиғон аз аввали сол 9 ҷиноят аз қабили дуздӣ, авбошӣ содир шудааст, ки ин ҳолат ташвишовар аст, - афзуд Абдусаломзода Анзурат. Ба гуруҳҳои кории ҳукумати ноҳия дастур доданд, ки корҳои таблиғотиро бо усули “Хона ба хона”, “Масҷид ба масҷид” ҷоннок намоянд.  Ҳамчунин муовини раиси вилояти Хатлон атрофи дигар масъалаҳои мубрами рӯз – пошхӯрии оилаҳои ҷавон, гаравидани иддае аз ҷавонон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, риояи ҳатмии қонуни танзим, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, рӯ овардан ба фарҳанги бегона низ суханронӣ карда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар тарбияи фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Кӯдакону наврасонро ба китобхонӣ ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ташвиқ намоянд.                                                                                    1752063556191_0.jpg-Мо аз табори миллати тамадунофарем ва ҳамеша Ватамонамонро бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳифзу обод мекунем. Ҳама аз як гиребон сар бароварда як ҳадафу андеша дошта бошем ва баҳри пешрафти давлату ҷомеа саҳмгузор бошем, - гуфт дар охир Анзурат Абдусаломзода. Вохӯрӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ доир гардид.

Ҳеҷ овозе нест