КМИР. ДАР ФАРХОР КОРБАРӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД АСТ

Чи хеле ки ба ҳамагон маълум аст, Тоҷикистон дар давраи пешазинтихоботӣ қарор дорад. Хусусан дар ноҳияи Фархор омодагӣ ва корбарӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуда истодаанд.

Аз ҷумла, барои пеш бурдани корҳои омодагӣ ба интихобот дар ноҳия Комиссияи ҳавзаи интихоботии Фархор №34 ташки карда шуда, дар ҳудуди ноҳия 46 адад участкаҳои интихоботӣ ва 40 адад ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода шуда аст.

Дар ноҳия се адад ҳавзаҳои вилоятӣ барои интихоби вакиони Маҷлиси халқи виояти Хатлон ташки карда шудаанд.

Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони халқи ноҳияи Фархор бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор бо қарори вакилони халлқи ноҳия аз 12.12.2019, №563 дар ҳайати 7 нафар ташкил карда шуд.

Бо қарори Комиссияи ҳавзаи интихоботии Фархор №34 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2019, №1 ҳамагӣ 46 адад участкаи интихоботӣ бо нишон додани марказ, суроға ва ҳудуд ташкил карда шуд.

Ҳамчунин бо қарори Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони хақи ноҳияи Фархор 19.12.2019, №2 ба ғайр аз 46 адад участкаҳо, боз 40 адад ҳавзаҳои интихоботӣ бо нишон додани марказ, суроға ва ҳудуд ташкил карда шуд.

 

Қурбонов Бобоҷон, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот

Ҳеҷ овозе нест