ТАЙЁРИИ ИНТИХОБОТӢ

Дар ноҳияи Фархор тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи вакилони халқ саъю талош доранд. Дар байни аҳолӣ бо аъзо ва ҷонибдории вакилони номзад вохуриҳо гузаронида истодаанд.

         Зимни мулоқоти вакилон бо аҳолӣ иброз менамоянд, ки дар баробари омодагӣ ба таъмини шароитҳои баргузории интихобот ва муҳайё намудани шиору овезаҳо, инчунин, номгӯйи санадҳои ҳуқуқӣ дар ҳавзаҳои интихоботии ноҳия тақсим карда шудаанд. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ фаъол гардонидани тамоми қишрҳои ҷомеа ба ин маъракаи сиёсӣ як зумра иқдомҳо амалӣ гаштаанд.

         Ба хотири фаҳмондадиҳии сокинон аз тартиби кории интихобот ва таъмини райъдиҳии шаҳрвандони имконияташон маҳдуд аз ҳисоби ҷавонону фаъолони ноҳия 86 ихтиёрӣ даъват гардидааст.

         То имрӯз аз ҷониби комиссияи ҳавзаи интихоботии №34 номзадии 5 нафар намояндаи ҳизбҳои сиёсии кишвар ба вакилии маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин, то нимаи моҳи феврал ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва ноҳия Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Комунистии Тоҷикистон ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ номзадҳои худро пешниҳод намуданд.

Вадудов Т, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест