БАҲСИ БОТКАНД

Муовини аввали фармондеҳи нерӯи марзбонии Қирғизистон таъкид кардааст, ки кишвараш хостори доштани равобити дӯстона бо Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон метавонад тамоми муносиботи худ бо Тоҷикистонро қатъ кунад ва аз ин иқдом мардуми кишвари ҳамсоя зиён хоҳад дид.

Генерал Абдулкарим Олимбоев муътақид аст генерал Абдуллоҳ Навҷувонов бояд вазъиятро дуруст ташхис диҳад ва барои мардуми Тоҷикистон, ки пас аз ҷанги хунини дохилӣ акнун дар фазои сулҳу оромиш ба сар мебарад, мушкил эҷод накунад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан зимни нишастӣ матбуотӣ дар шаҳри Хуҷанд генерал Абдуллоҳ Навҷувонов гуфта буд, ки вилояти Суғд ду мушкил дорад, нахуст ихтилофоти марзӣ бо Қирғзиистон ва дуввум терроризм.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, чанде қабл вазири ин ниҳод ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода дар робита ба гуфтаҳои генерал Навҷувонов изҳори нигаронӣ намуда буд.

Генерали Абдулкарим Олимбоев, муовини аввали фармонеҳи нерӯи марзбонии Қирғизистон гуфтааст, минтақаи Ботканд аз қадим бахше аз қаламрави Қирғизистон буда ва суханони генерали тоҷик Абдуллоҳ Навҷувонов сардори нави Раёсати ВКД-и вилояти Суғди Тоҷикистон дар ин маврид комилан беасос аст, - нашр намудаанд баъзе аз расонаҳо.

Сардори раёсати ВУД дар вилояти Суғд генерал Абдулло Навҷувонов зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки "агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".

Зимнан, Абудкарим Олимбоев дар вокуниш ба ин изҳорот гуфтааст, "ман ҳам метавонам изҳор дорам, ки ҳудуди Ворух ва Чоркӯҳ пурра ба Қирғизистон рабт дорад. Аммо бояд фаҳмем, ки масъалаи қаламрав – масъалаи бисёр нозуку ҳассос аст. Ҳалли ин масъала ба тақдири ҳазорон мардуме, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, рабт мегирад."

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, умевдоранд Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дигар ин иттифоқ такрор намешавад.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

 

Маҷидзода А, мухбири нашрияи “Гулистон”

Ҳеҷ овозе нест