ҒАРИЗАҲОИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН

unnamed.jpg

“Isloh.net” ё шабакаи иғвоангезе дар Ютуб солҳои охир хабару гузоришҳои худсохтаи худро интишор медиҳад, ки дар он Муҳаммадиқболи Садридин дод мезанад. Ин ҳамон шағолест, ки доимо пеш-пеши пойи паланг чарх мезанад. Ва интизор мешавад, ки кай хоҷааш ягон сайдеро пайдо намояд ва ба ӯ ягон луқмае расад. Ин ҳамон шағоли афсонаи Маугли аст.

         Мо намедонем ӯро салафӣ гӯем ё шиа. Умуман фаъолияту суханронии ӯ ба мазҳаби Имом Абуҳанифа ягон наздикие надорад. Чун ӯ ба худ сурати мусулмони асилеро тарошидаасту на аз барои Худо, балки аз барои риё. Аммо дар сирату вуҷудаш ягон заррае аз ислом ҳис карда намешавад.  Суханрониҳояш фақат таънаву маломат, ҳарзагӯйӣ, дуруғу бофтаҳои беасос ва хуллас як фитнаест, ки дар шабакааш пахш менамояд.

         Дар арафаи 9 сентябр-таҷлили иди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мардуми тоҷики дохилу хориҷи дунё ин индро ба ҳамватанон муборакбойӣ мекарданд. Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин дар Ислоҳ.нет мардумро ба ҷойи ҷашни иди истиқлолият – ба тарзи дуруст гузаронидани рӯзи Ошуро даъват менамуд. Дар чумҳурии мо асосан ду иди мусалмононро ҷашн мегиранд: иди Рамазон ва иди Қурбон ва дар он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли мардуми тоҷик ин идро табрик мегӯяд. Агар Муҳаммадиқбол меҳри ватану миллат дар дил дошта бошад, чаро як бор мардуми тоҷикро ба иди Истиқлолияти давлатӣ табрук нагуфту баръакс ба рузи Ошуро табрик гуфт? Чункӣ ин пешниҳоди хоҷагонаш аст. Пас, маълум мешавад, ки “Генералный спонсор”-и isloh.net  ва isloh.tv худи ҳамон хоҷаест, ки хостааст дар байни баромадҳояш рӯзи Ошуроро реклама намояд.

Ӯ худ як хоини Тоҷикистон аст ва бо далелҳое метавон ӯро ифшо кунем:

  • Мансубият ба доираҳои тундгаро, ифротӣ ва зиддимилӣ дар хориҷи кишвар.Шарикӣ дар нақшаҳои зиддитоҷикӣ дар қаламрави кишварҳои атрофи Халиҷи Форс
  • Мафтуншавии Муҳаммадиқболи Садриддин ва атрофиёнаш аз мафкураи ихвонӣ, яъне ҳамон мафкурае, ки ДОИШ ва «ал-Қоида»-ро ба вуҷуд овард ва Сурияву Ироқро ба хок яксон кард.Мансубияти Муҳаммадиқболи Садриддин ба ин хоку бум боз аз он лиҳоз, нашри маводи ғаразноки зиддимиллиро ба забони хориҷӣ ба роҳ мондааст ва чун пойгоҳи зиддииттилоотии рақибони минтақавӣ ба муқобили дастовардҳои ҷумҳурӣ мубориза мебарад.
  • Зикри ашхоси баландрутба ва баобрӯ дар ғайбатномаҳояш, ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад ва шахси оянданигар чунин бояд намекард.

Бо ду дасти адаб, Муҳаммадиқболи Садриддин, худро ба вартаи ҳалокат мебарад, ҳам марги тадриҷӣ ва марги эътиқодӣ. Ба ҳар ҳарфу сухан ҷавоб бояд дод.

Тоҷиддин, омӯзгор

Ҳеҷ овозе нест