ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ ОЛӢ МЕГУЗАРАД

Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор то имрӯз вобаста ба омодагӣ ба маъракаи интихоботи дар пеш истода тибқи нақшаи ҷорабиниҳои тасдиқшуда корҳои заруриро ба анҷом расонида шуданд.

         Аз ҷумла, барои пеш бурдани корҳои омодагӣ ба интихобот дар ноҳия Комиссияи ҳавзаи интихоботии Фархор №34 ташкил карда шуда, дар ҳудуди ноҳия 46 адад участкаҳои интихоботӣ ва 40 адад ҳавзаҳои интихоботӣ таъсис дода шудаанд.

Ба сани имрӯз бо корбарии роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳавзаи интихоботии Фархор №34 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии олими ҷавон – Раҳмонзода Зоир Файзалӣ пешниҳод шудааст. Ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бошад, номзадии Раҳматзода Р.М-раиси ноҳияи Фархор, Ятимов М.С.-директори Хоҷагии давлатии ҷангали ноҳия ва Исозода Ф.Ч-менеҷери КАТС-и ноҳия пешниҳод гардидаанд.

Бо дастгирии Комисияи марказии интихобот в арайъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо маводҳои канселярӣ таъмин карда шудаанд.

Таъмин маводҳои канселярӣ ба ҳавзаҳо ва бюлетенҳо низ сари вақт харид ва тақсим намуда шуданд.

То санаи 25-02-2020 ҳама гуна бюлетенҳо ба участкаҳои интихоботӣ дастрас шудааст.

 

Қурбонов Б, раиси ҳавзаи интихоботии ноҳия.

Ҳеҷ овозе нест