МО ХОҲОНИ ОСОИШЕМ
Тоҷикистону Қирғизистон 976 км ҳаммарз аст. То имрӯз 504 км дар он аломатгузорӣ шудааст. Ҷангу ҷидолҳо маҳз дар ҳамин маконҳо рух медиҳанд, ки натиҷааш гоҳе ба хунрезӣ анҷом меёбад.
Рузҳои гузаштаи ҳамин моҳ санаи 8-уми май сокинони маҳаллаи Куктоши Боткон яке аз хонаҳои истиқоматии истиқоматкунандаи деҳаи “Чоркӯҳ”-и шаҳри Исфараро оташ заданд, ки дар натиҷа бино фурӯ рафта, корношоям гаштааст. Санаи 9-уми май бошад шаҳрвандони қирғиз дар ними шаб мошини сабукрави истиқоматкунандаи “Чоркуҳ”-ро сангборон карда, шишаҳояшро шикастанд. Худи ҳамин шаб низ марзбонон қирғиз аз автомати Калашников тирпаронӣ кардаанд.
Чунин ҳодисаҳо ва қонуншиканиҳо дар марз бо қирғиз моҳи январи соли 2020 рух дода буд, ки натиҷаи хунрезӣ дошт. Ин гуна ҷидолҳо идомабахши силсилаи амалҳои иғвогарона ва муноқишахоҳонаи сокинон ва низомиёни Қирғизистон дар соли 2019 мебошад.
Давоми соли 2019 мингтақаҳои наздисарҳадии тоҷику қирғиз 14 маротиба муноқишаю тирпаронӣ рух додааст, ки дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва зиёда аз 60 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадии деҳоти Чоркӯҳ ва Ворух дар тарҳрезӣ ва рух додани ин ҳодисаҳои иғвогарона беш аз аҳолӣ худи сарҳадбонони Қирғизистон, аз ҷумла сардори дидбонгоҳи Кок-тош Мирбек султонбековро гунаҳкор меҳисобанд.
Бояд зикр намуд, ки чунин амалҳои иғвогаронаи шаҳрвандони қирғиз ҳамчунон дар минтақаҳои марзашон бо Ҷумҳурии Узбекистон низ сурат мегирад. Чунин ҳодисаҳо ва муноқиша дар аввали моҳи январи соли 2020 дар марзи қирғизу узбек дар наздикии КоктошиҚирғизистон рух дода буд.
Модоме, ки қирғизон чунин амалҳояшонро на танҳо бо тоҷикон, балки бо узбекон низ такрор доранд, ба кудаки хурдсол низ маълум мешавад, ки онҳо чи ғаразҳои нопок доранд. Онҳо ҳаёти осоиштаро тарафдорӣ надоранд.
Вадудов Т, омӯзгор