ФАРХОР БАР ЗИДДИ КОРОНАВИРУС МУБОРИЗА МЕБАРАД

Ноҳияи Фархор дар ҷануби ҷумҳуриамон ҷойгир аст ва аз ҷиҳати иқлим нисбат ба дигар шаҳру навоҳии кишварамон хело гармтар аст. То имрӯз дар ноҳияи Фархор ҳамагӣ 116 нафар ба бемории коронавирус мубтало гаштаанд. Аз ин 86 нафарашон аллакай шифо ёфтанд , 8 нафарашон фавтиданд. 22 нафари дигарашон айни ҳол дар таҳти назорати беморон қарор доранд. Ин рақамҳо аллакай нишон медиҳанд, ки вазъи мубориза бо ин бемории сироятӣ беҳтар шуда истодааст. Мутахассисон ба он ақидаанд, ки гармии ҳавову иқлим низ метавонад ба заиф гаштани бисёри чунин бемориҳо мусоид бошад. Кормандони тиб дар хонаву беморхонаҳо дар кӯчаву бозорҳо гаштугузор намуда, дар байни мардум аксияву вохуриҳо гузаронида, онҳоро барои пешгирии ин беморӣ ҳушдор менамоянд.

Санаи 21-уми май кормандони тиб бо ҳамкории мақомотҳои дахлдор чунин аксияҳоро ба роҳ монда дар кӯчаву бозор ва дар ҷамоатҳо дар байни мардум ниқобу дасткашак ва брошюраҳо тақсим намуданд.

DSC07223.JPG

DSC07229.JPG

DSC07242.JPG

DSC07244.JPG

Ҳеҷ овозе нест